Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати сарбози украинӣ дар ҳамлаи ҷудоихоҳон дар Луҳанск


Ҷудоихоҳон субҳи рӯзи шанбе ба мавқеъҳои артиши Украина дар вилояти Луҳанск аз таҷҳизоти “Град” мушак андохтанд. Ба иттилои Хадамоти марзбонии Украина, дар ин ҳодиса як сарбоз кушта шуд ва 17 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ҷавоб низомиёни Украина аз тӯпҳо оташ кушоданд ва ҳавопаймоҳои низомӣ ҳам мавқеъҳои ҷудоихоҳонро тирборон карданд.

Рӯзи шанбе дар марзи миёни Русия ва Украина се гузаргоҳе, ки қаблан бар асари тиранлозӣ аз қаламрави Украина баста шуда буданд, дубора фаъол шуданд.

Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки ҳавопаймоҳи украинӣ ба пойгоҳи ҷудоихоҳон дар кони ангишти “Новая” дар наздикиҳои шаҳри Краснодони вилояти Луҳанск зарба заданд. Ҷудоихоҳон, дар навбати худ, аз тӯпҳо сӯи шаҳри Дзержинск дар вилояти Донетск оташ кушоданд.

XS
SM
MD
LG