Додгоҳи Бишкек интиқоли Аҳмадбек Келдибеков-раиси пешини порламони Қирғизистон аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба ҳабси хонагиро рад кард. Додгоҳи ноҳиявии Биринчӣ Май ҳамчунин тасмим гирифт, ки мурофиаи додгоҳии Келдибеков бо назардошти вазъи саломатии вай то 15 июл ба таъвиқ андохта шавад.
Келдибеков узви ҳизби Ата-Жорт аст, ки бо давлати кунунӣ дар мухолифат қарор дорад. Қарор буд мурофиаи додгоҳии вай 10 июл оғоз шавад. Вайро моҳи ноябр ба иттиҳоми суистифода аз мақом ҳангоми фаъолияташ дар мақмои раёсати Хадамоти Андоз ва Бунёди Иҷтимоӣ боздошт карда буданд.
Вай аз соли 2010 то соли 2011 раиси порлмон буд. Моҳи гузашта намояндагони порламон қарореро ба тасвиб расонданд, ки бояд Келдибеков аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба ҳабси хонагӣ гузаронда шавад. Дар ин қарор гуфта мешуд, ки вай ба таври фаврӣ ба муолиҷа дар хориҷи кишвар ниёз дорад.