Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири дифоъи Покистон, изҳор намуд, ки барои амалиёт алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар манотиқи қабоилнишини Вазиристони Шимолӣ ягон мӯҳлати ниҳоӣ муқаррар нашудааст. Ӯ дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии маҳаллии Geo рӯзи 7 июл гуфт, ки амалиёт то решакан кардани терроризм дар ин минтақа идома хоҳад ёфт.
Артиши Покистон амалиёт алайҳи “Толибон” ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳро, ки дар Вазиристони Шимолӣ пойгоҳ доранд, 15 июн шурӯъ кард. Ба гуфтаи манбаъҳои низомӣ, дар ҷараёни амалиёт то имрӯз 356 тан аз ситезаҷӯён кушта шуданд, ки бештари онҳо узбаканд. Ҳаракати исломии Узбакистон, гурӯҳи наздик ба “Ал-Қоида”, аз шурӯи амалиёти зиддитеррор дар Афғонистон дар соли 2001 дар манотиқи қабоилнишини Покистон панаҳ бурдааст.
Ба иттилои Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, бар асари амалиёт тақрибан 572 ҳазор нафар Вазиристони Шимолиро тарк намуданд.