Зафар Расулов, ки аз ҷониби давлат вакили дифои Александр Содиқов таъин шудааст, мегӯяд, зерҳимояаш аз шароити маҳбас, муносибати нозирон бо ӯ ва ҳамчунин вазъи саломатияш шикояте надорад. Ҷаноби Расулов ба нақл аз Содиқов, ки ба ҷосусӣ муттаҳам шудаву дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қарор дорад, гуфт, ки зерҳимояаш аз ғизое, ки дода мешавад, низ розист: «Худаш ҳам гуфт, пештар ман фикр мекардам, ин ҷо мардумро лату кӯб мекунанд, аммо ин тавр нест. Масъалаи хӯрду хӯрокаш ҳам хуб аст ва ҳатто баъзе маводеро, ки оилааш ба ӯ равон мекард, рад кард ва хоҳиш кард, камтар равон кунанд.»
Вакили дифои Содиқов гуфт, ба далели махфӣ будани парвандаи зерҳимояаш аз ин беш иттилое дода наметавонад. Ба гуфтаи ӯ, тибқи талаботи қонун, тафтиши ин парванда 2 моҳ идома хоҳад кард.
Мулоқоти Зафар Расулов бо зерҳимояаш дар ҳоле баргузор шудааст, ки ду ҳуқуқшиноси дигар -- Абдуқаюм Юсуфӣ ва Ҳасан Кавраков - аз ҷониби хонаводаи ӯ интихоб шудаанд. Аммо онҳо то имрӯз бевосита бо худи Содиқов сӯҳбат надоштаанд ва аз ин хотир аз ҷузъиёти қазия ва вазъи зерҳимояашон дар боздошгоҳ маълумоти дақиқ надоранд.
Ҷаноби Юсуфӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо рӯзи 2-уми июл бо муфаттиши парвандаи зерҳимояаш Баҳром Алимов вохӯрдаанд ва иҷозаи мулоқот бо Александр Содиқовро ҳам пайдо кардаанд: “Аз эҳтимол дур нест, ки фардо бо зерҳимояамон мулоқот кунем. Бо муфаттиш имрӯз мо ҳамин мавзӯъ ва масоили дигар, аз ҷумла масъалаи ширкат дар ҷараёни тафтишотро ҳам матраҳ кардем.”