Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳезершоу аз тарси боздошт тарки Тоҷикистон кардааст


Баъди боздошти Александр Содиқов, пажӯҳишгари ҷавон дар Хоруғ, як донишманди бритониёӣ маҷбур шудааст, ки Тоҷикистонро тарк кунад. Ба навиштаи “Вестерн Морнинг Нюс”, Ҷон Ҳезершоу, устоди Донишгоҳи Ексетери Бритониё, ки замони боздошти Александр Содиқов дар Душанбе будааст, аз тарси таҳдид ба амнияташ як шабро дар сафорати Бритониё дар Душанбе сипарӣ кардааст ва рӯзи баъд кормандони сафорат ӯро барои бозгашт ба Лондон шахсан ба фурудгоҳ гусел кардаанд.

“Вестерн Морнинг Нюс” аз қавли Ҷон Ҳезершоу навиштааст, ки “гӯё чунин тасаввур ҳосил шуд, ки ман ҳалқаи ҷосусиеро мудирият мекунам ва мумкин аст, онҳо маро дастгир кунанд. Аз ин рӯ сафорат ба ман тавсия дод, ки Тоҷикистонро тарк кунам”. Ҷон Ҳезершоу ба “Вестерн Морнинг Нюс”гуфтааст, ки сафири Бритониё ӯро ба фурудгоҳ гусел кардааст ва ҳоло ӯ мутмаин аст, ки баъди 12 соли кор ӯро дар Тоҷикистон “фарди мамнӯъулвуруд” эълон кардаанд.

Донишманди бритониёӣ гуфтааст, агар бо пажӯҳишгарон дар Тоҷикистон чунин муносибат кунанд, ӯ майли бозгашт ба кишварро надорад. Дар идомаи сӯҳбаташ Ҷон Бредшоу гуфтааст, ки аз боздошти Александр Содиқов, ки ба ғайр аз пажӯҳиш кори дигаре намекард, такон хӯрдааст ва шароити нигаҳдошти ӯ нигарон аст.

Ҷон Ҳезершоу, ки ҳамроҳ бо Александр Содиқов дар барномаи “Қудратҳои дар ҳоли суъуд ва мудирияти муноқишаҳо дар Осиёи Марказӣ” кор мекард, мегӯяд, ки иддаҳо дар бораи пажӯҳишгари 31-солаи тоҷикистонӣ бепояву асос аст. Александр Содиқовро, пажӯҳишгари Донишгоҳи Торонтои Канада рӯзи 16-уми июн дар шаҳри Хоруғ боздошт карданд ва сипас бо намоиши видеои бозпурсии ӯ дар телевизиони шаҳри Хоруғ гуфтанд, ки Александр Содиқов ба “ҷосусӣ ва хиёнат ба ватан” муттаҳам мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ ва созмонҳои илмӣ дар саросари ҷаҳон аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ки Александр Содиқовро аз ин боздошт раҳо кунад.

XS
SM
MD
LG