Як гурӯҳи тоҷирони бозори "Корвон" шикоят доранд, ки кумитаи андоз онҳоро беасос қарздор баровардааст. Соҳибкорони бозори «Корвон» бо норозигӣ аз Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯянд, ки онҳоро бахши ноҳиявии андоз дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар ҳафтаи ахир огоҳинома дода, тақозо кардаас,т қарзи андози худро супоранд. Ин дар ҳолест ки соҳибкорон мегӯянд, санади қарздор набуданашон аз мақомоти молиётро дар даст доранд.
Соҳибкорони бозори "Корвон", аз ҷумла Меъроҷбӣ Сайфуддинова, Сайфура Солеҳова, Олим Раҷабов, Ашур Маҳмадов ва дигарон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтанд, ки дар огоҳиномаи бахши андози ноҳияи Фирдавсӣ маблағи қарздории соҳиборон зикр шудааст.
Бахтиёр Шеров, нозири шӯъбаи андози ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 26-уми июн дар сӯҳбат бо Озодӣ ҳарчанд хабари даъвати соҳибкоронро ба шӯъбаи андозро тасдиқ кард, вале гуфт, ки ин танҳо барои санҷиши қарздории соҳибкорони бозор аст: «Ин огоҳинома ба он хотир дода шудаст, ки соҳибкорон ба идораи андоз омада, ҳуҷҷатҳои пардохти андози худро бо маркази маълумоти идораи андоз муқоиса кунанд, ки оё камбудие ҷой дорад ва санадҳои онҳо бо рақамҳои маркази маълумот мувофиқат мекунад?»
Аммо Меъроҷбӣ Сайфуллоева, ки беш аз 8 сол аст дар ин бозор фаъолият дорад мегӯяд, ки дар огоҳиномаи андоз гӯё вай 3 990 сомонӣ қарздор нишон дода шудааст ва агар дар зарфи 10 рӯзи оянда напардозад ,ба ҷазои маъмурӣ ҷалб карда хоҳад шуд.
Сайфура Солеҳова, як соҳибкори дигар мегӯяд, бо вуҷуди он ки дар дасташ ҳуҷҷати идораи андози ноҳияи Фирдавсиро дорад, ки қарздор набунашро собит мекунад, вале ӯро низ огоҳиномаи қарздорӣ дар бораи 3 400 сомонӣ додаанд.
Соҳибкорон ва фурӯшандаҳои бозор мегӯянд, ки нозирони андоз бо ҳар баҳона онҳоро водор ба супоридани маблағ мекунанд. Аммо Бахтиёр Шеров, нозири шӯъбаи андози ноҳияи Фирдавсӣ мегӯяд, ташвиши соҳибкорони бозори "Корвон" асосе надорад ва идораи андози ноҳия танҳо мехоҳад санадҳои соҳибкоронро тафтиш кунад. Вай афзуд, баъди санҷиш ва рӯшан шудани санадҳои марбут ба пардохти андоз соҳибкорон ба фаъолияти худ идома хоҳанд дод.