Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯи арӯсии 90 ҷуфт ва хатнасӯри 360 кӯдак


90 ҷуфти ҷавон ва хатнасӯри 360 кӯдак аз оилаҳои ниёзманди шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ин маросим ба муносибати таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ ва ба ибтикори шаҳрдории Душанбе сурат гирфт, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ширкат намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст пайвандони 360 писарчаи хатнашавандаро, ки қисмате ятиму бепарастор ва боқӣ аз оилаҳои ниёзманди ҳар чор ноҳияи шаҳри Душанбе будаанд, табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо бозичаҳо ва туҳфаҳои дигари хотиравӣ тақдим намуд. Сарулибоси зебо ва зиёфати дастаҷамъонаи тӯёна бо базму тараби дилошӯб низ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ омода гардидааст. Ба иттилои ин манбаъ, пас аз суханронии кӯтоҳи раисиҷумҳур барои ширкатдорони ин маросим барномаи рангини ҳунарӣ намоиш дода шуд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, хурсандии ин кӯдакону ҷавонони хуштолеъ бо базми тӯёна дар дигар ҷой идома меёбад. Баъди анҷоми қисмати расмӣ бо ҳузури раисиҷумҳур, дар яке аз толорҳои бузурги Душанбе - Плаза базми хатнасури дастаҷамъонаи 360 кӯдак баргузор шудааст. Аммо тӯйи 90 ҷуфти ҷавонро дар 4 тарабхонаи 4 ноҳияи шаҳри Душанбе баргузор кардаанд.

XS
SM
MD
LG