Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили парлумони Покистон баъд аз ҳамла ҷон дод


Интиқоли ҷасади хонум Осиф аз бемористон ба манзилаш
Интиқоли ҷасади хонум Осиф аз бемористон ба манзилаш
Тоҳира Осиф, вакили парлумони Покистон, як рӯз баъд аз ҳамлае, ки дар он маҷрӯҳ шуда буд, ҷон дод. Хабаргузориҳои маҳаллӣ рӯзи ҷумъа навиштанд, ки ӯ баъд аз ҳамла ба бемористони Лоҳур интиқол ёфта буд ва табибон наҷоташ дода натавонистанд. Хонум Осиф рӯзи чаҳоршанбе баъд аз он аз сӯи ду шахси мусаллаҳ ҳадафи тир қарор гирифт, ки, бар пояи бархе хабарҳо, ба талоши гаравгон гирифтанашон муқовимат кард.

Тоҳира Осиф узви Ҳаракати муттаҳидаи Қаюмӣ буд. Раиси ин ҷунбиш Алтаф Ҳусайн гуфт, ин ҳамла ангезаи сиёсӣ дорад ва полисро дар он айбдор намуд, ки мехоҳад онро чун талоши таҷовузу ғоратгарӣ ҷилва диҳад.
XS
SM
MD
LG