Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лаҳзае бо Исматуллоҳ Шарифов --"Аҳмад Зоҳир"-и тоҷик


Исматуллоҳ Шарифов дар ҷамоати Лучоби ноҳияи Варзоб бо тахаллуси "Аҳмад Зоҳир" маъруф аст. Ӯ мактаби хоси мусиқиеро нахондааст, аммо аксари кулли таронаҳои хунёгари шарқ Аҳмад Зоҳирро аз бар кардаву месарояд.

Ишқи таронаҳои Аҳмад Зоҳир Исматулллоҳро ҳунарманд кардааст ва худро шогирди мактаби мусиқии ӯ медонад. Исматуллоҳ Шарифов мисли як марди ҷодушуда ҳар ҷо садои фусунгари Аҳмад Зоҳирро, ки мешунид, то ба даст овардани тарона он маконро тарк намекард. Ин буд, ки таронаҳои бешумори ҳунарманди зиндаёд Аҳмад Зоҳирро ҷамъ овард. Исматуллоҳ дар китоби бо даст сохтааш бештар аз 400 таронаи маъруфи Аҳмад Зоҳирро навишта, онро бо аксу мусаввараҳо мунаққаш сохт ва ҳамеша бо худ нигаҳ медорад.

Ӯ таронаҳои сурудаашро сабт мекунад, аммо на мисли ҳар ҳунарманди муосир, бо фановариҳои нав, балки дар наворҳои классикӣ ва ё аудиокасеттаҳо, ки замони зиндагии Аҳмад Зоҳир маъруф буд. Ба гуфтаи ӯ, ин кассетаҳо он замон садои оламшумули Аҳмад Зоҳирро маъруфи олам кард ва қалби миллионҳо танро тасхир намуд.

Исматуллоҳ Шарифов мегӯяд, таронаҳои Аҳмад Зоҳир қалби ӯро ҷавон мекунад ва ин аст, ки дар сини 50 солагӣ ҳамроҳ бо хонумаш ба Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода ҳуҷҷат супорида ва мехоҳад аз нав донишҷӯ шавад ва ҳунари касбиро омӯзад. Зеро ба гуфтаи Исматуллоҳ, шавқи ҳунаре, ки бо садои Аҳмад Зоҳир ба рагу пайвандаш ҷо шудааст, ӯро ҳеҷ гоҳ тарк нахоҳад кард.
Исматуллоҳ Шарифов --"Аҳмад Зоҳир"-и тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:57 0:00
XS
SM
MD
LG