Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲИУ ҳам масъулияти ҳамла ба фурудгоҳро бар дӯш гирифт


Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) рӯзи чаҳоршанбе бо интишори як баёния масъулияти ҳамла ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Карочиро бар дӯш гирифт. Ин гурӯҳ гуфтааст, ки ҳамаи даҳ ҳамлавар узви ин гурӯҳ будаанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, шояд дар ин ҳамла чанд гурӯҳ ширкат дошт, зеро аз ин пеш Таҳрики Толибони Покистон ҳам худро масъули ҳамла ба фурудгоҳ эълон карда буд.

Афроди мусаллаҳ шаби 8-уми июн аз ду ҷониб ба фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Карочӣ ҳамла карданд. Амалиёти низомӣ зидди онҳо субҳи 9-уми июн анҷом ёфт ва дастикам 26 нафарро кушта бар ҷой гузошт.
XS
SM
MD
LG