Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пардабардорӣ аз пайкараи Содирхон Ҳофиз (ВИДЕО)


Дар шаҳри Хуҷанд аз рӯи пайкараи Содирхон Ҳофиз, яке аз Шашмақомсароёни асри 19 парда бардошта шуд.

Маросими пардабардорӣ аз пайкараи Содирхон Ҳофиз, овозхони маъруфи “Шашмақом” дар асри 19 ва такмилгари ин мусиқии суннатӣ, рӯзи 5-уми июн бо ҳузури раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва ходимонпи санъат аз коллеҷи мусиқӣ таҳти садои сурудхонии худи ин ҳофизи номӣ аз сабт, сурат гирифт.

Пайкара дар назди коллеҷи мусиқӣ, ки номи ӯро дорад ва имсол ба соли таъсисаш 85 сол пур мешавад, гузошта шуд. Муҷассамаро Даврони Раҳматзод, пайкаратарош ва устоди коллеҷи мазкур омода кардааст.

Содирхон Ҳофизи Хуҷандӣ (1847 – 1931) зиндагӣ карда, дар қатори Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ ва Левичаи Бухороӣ дар сароиш ва такмили “Шашмақом” шӯҳрати тамом доштааст. Бархе сурудҳои вай дар солҳои 20-и асри гузашта дар граммофон сабт шуда, то рӯзҳои мо расидааст. Дар соли 1945 китоби “Асарҳои мунтахаби Содирхон Ҳофиз” аз ҷониби мусиқишиносони тоҷик ба нашр расидааст.
XS
SM
MD
LG