Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Лашкар"-и домодҳо, келинҳо, духтарҳо...-и Шоев дар мактаби нобиноён


Санҷиши кормандони Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ошкор кардааст, ки раҳбари яке аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ дар Душанбе, чанд тан аз наздикони худро дар ин муассиса ба кор гумоштааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Оҷонсии мубориза бо фасод, кормандони ин ниҳод барои бартараф кардани омили хешутаборӣ дар соҳаи маориф дар мактаби ибтидоии таҳсилоти махсус барои кӯдакони нобинои раёсати маорифи Душанбе санҷиш гузарониданд, ки директори ин муассиса вазифаҳоро ба домодҳо, духтарон, келинҳо ва ба ҳамсараш тақсим кардааст.

Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди корупсия рӯзи 3 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки санҷиши мактаби ибтидоии барои кӯдакони нобино маълум кардааст, ки роҳбари ин муассиса Ғоиб Шоев бо фармони худ таҳти №1 Салимҷон Мирзоев -- домодашро ба вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои хоҷагӣ, инчунин боз ба вазифаи мудири анбор мансуб кардааст, ки домодаш маълумоти то синфи 9 доштааст.

Ғоиб Шоев ҳамзамон бо фармони №6 хоҳаронаш - Қурбонова Ситора, Қурбонова Фирӯза, домодҳояш - Раҷабов Баҳодур, Мирзоев Салимҷон, писараш - Шоев Хуршед, келинаш - Ҳақбердиева Гулсара ва ҳамсараш Назриева Рамзияро ба вазифаҳои масъулин ин мактаби нобиноён таъин кардааст.

Оҷонсии зидди коррупсия ҳолатҳои вайрон гардидани бандҳои 7 ва 8 моддаи 4-и Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" «манъ будани иҷрои вазифаҳои давлатӣ дар ҳолати бархӯрди манфиатҳои шахсӣ ва давлатӣ, инчунин роҳ надодан ба хешутаборчигӣ, маҳалгароӣ ва пуштибонӣ ҳамчун зуҳуроти кирдорҳои коррупсионӣ» зикр намуда ҳамаи хешу табори Ғоиб Шоевро аз вазифа озод карданд. Ғоиб Шоев директори муассиса низ аз вазифааш барканор карда шуд.

Ин мавриди хешутаборбозӣ дар мактаби нобиноёни Душанбе дар ҳоле ошкор мешавад, ки хешутаборгароӣ дар тақсимоти кадрии ҳукумати Тоҷикистон дар ин авохир ба як мавзӯъи умдаи матбуоти маҳаллӣ табдил ёфтааст. Расонаҳо менависанд, дар мақомҳои баланди давлатӣ акнун батадриҷ насли нави хешу табори раҳбарони аввали кишвар, аз ҷумла фарзандону домодҳои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ба хатти аввал мебароянд. Ҳамин тавр, дар ин авохир фарзандони шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев низ баа вазифаҳои баланди давлатӣ таъин шуданд.
XS
SM
MD
LG