Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармураббии «Равшан» истеъфо дод


Ғайраталӣ Мираҳмадов
Ғайраталӣ Мираҳмадов

Сармураббии дастаи "Равшан"-и Кӯлоб баъд аз бохти дастааш дар майдони худ аз "Хуҷанд"-и Хуҷанд, истеъфо дод.

Ғайраталӣ Мираҳмадов, сармураббии қаҳрамонии феълии футболи Тоҷикистон – «Равшан»-и Кӯлоб – баъди бохти дастааш дар даври 7-уми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзи 29-уми май дар майдони худ аз тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 2-3 иброз доштааст, ки аз вазифааш истеъфо медиҳад.

«Аввалан дастаи «Хуҷанд»-ро бо пирӯзиаш табрик мегӯям. Имрӯз мо бе ду бозигари асосиамон, ки дар ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Каспий-2014 дар Боку иштирок доранд, бозӣ кардем. Имрӯз «Равшан» вазъиятҳои зиёди голзанӣ дошт, на камтар аз «Хуҷанд». Танҳо ҳунари бозигарони ҷавони мо имкон надод, ки аз вазъиятҳо пурсамар истифода карда шавад.

Ба замони барои «Равшан» вазнин нигоҳ накарда, ман то лаҳзаҳои охирин бо даста будам. Ман ба таври расмӣ иброз медорам, ки истеъфо медиҳам. Ин тасмими худи ман аст. Ман дар «Равшан» якчанд мавсими хуб гузарондам. Мо ду бор паиҳам қаҳрамони Тоҷикистон шудем. Имрӯз баъди бозӣ бо «Хуҷанд» ман тасмим гирифтам, ки аз даста меравам. Ман ба ҳамаи он бачаҳое, ки кор кардам, ташаккур мегӯям ва ба онҳо дар бозиҳои боқимондаи чемпионати Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббии нав барори кор орзу мекунам», - гуфтааст Ғайраталӣ Мираҳмадов ба сомонаии Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бошгоҳи «Равшан», ки имсол ба иллати мушкилоти молӣ аз бозигарони асосӣ ва легионерҳояш маҳрум шуд, бо ҳайати ҷавононаш бозӣ мекунад. «Равшан» дар 7 бозӣ ду пирӯзӣ ба даст оварда, дар панҷтоаш шикаст хӯрдааст ва дар зинаи 9-ум - пешазохирини ҷадвали мусобиқот қарор дорад.

Ба гуфтаи раҳбарони бошгоҳ Федератсияи футболи Тоҷикистон сарпарастии дастаи футболи «Равшан»-ро қисман ба ӯҳда гирифтааст. Баҳром Рустамов, сардори дастаи «Равшан», мегӯяд, то пайдо шудани сарпарасти нав, Федератсияи футболи Тоҷикистон сафархарҷӣ ва маоши бозигарони дастаро пардохт хоҳад кард.

Вай афзуд:"Ҳоло мо дигар ягон легионер надорем ва бо бачаҳои худ кор мекунем. Бовар дорем, ки онҳо футболисти хуб мешаванд, дар оянда. Сӯҳбатҳо ҳаст ва бовар дорем, ки дар ояндаҳои наздик соҳиби сарпараст ҳам мешавем, аммо ҳоло моро Федератсия сахт дастгирӣ мекунад. Дар ҳамин вазъияти бесарпарстӣ аз ин дида дигар кӯмак намешавад."

Тими "Равшан" -ро ширкати "Ҳоҷӣ Шариф" сарпарастӣ кардааст ва ду соли ахир паиҳам қаҳрамони Тоҷикистон шудааст. Ҷаноби Рустамов гуфт, «мо аз масъулони «Бозори Ҳоҷӣ Шариф» барои ду сол сарпарастӣ кардани даста минатдорем. Маҳз дар замони сарпарастии ин бозор дастаи «Равшан» рушд кард ва ба бузургтарин дастовардҳо мушарраф шуд.»

«Равшан» аз сермухлистарин даста буд, ки бинобар бе сарпараст мондан дар Ҷоми АФК-2014 ноком гашт. Ҳафтаи гузашта ин даста дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар аз рақиби аслии худ - «Истиқлол»-и Душанбе - бо ҳисоби бузурги 1:9 шикаст хӯрд.
XS
SM
MD
LG