Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, кишвараш, раҳбарияти Ал-Қоида дар манотиқи марзии Покистону Афғонистонро нобуд кардааст. Нерӯҳояшро аз Ироқ берун кашид ва ҳузураш дар ҷанги Афғонистонро камтар мекунад. Ӯ рӯзи 28-уми май дар суханроние дар як Академияи низомии Амрико дар шаҳри Ню Йорк афзуд, ки Иёлоти Муттаҳида бояд барои сулҳ дар берун аз марзҳояш саъй кунад ва дурӣ ҷустан аз умури ҷаҳонӣ интихоби хубе барои Амрико нест.