Пас аз як ҷарроҳии сангини қалб дар Чин, Қурбон Чолов, фармондеҳии Фронти халқӣ ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ин дар ҳолест, ки миёни сокинон хабари фавти ӯ паҳн шуда буд, аммо наздиконаш рӯзи 26-уми май ба Радиои «Озодӣ» бо радди ин хабар гуфтанд, ки феълан аҳволи Чолов рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. "Ҳарчанд, ҳарфҳояш нофаҳмо аст ва дуруст сӯҳбат карда натавонад ҳам, аммо ҳолаш нисбати чанд рӯзи пеш хубтар шудааст. Ҳоло табибон саломатиашро назорат мекунанд ва ҳеҷ хатаре пас аз ҷарроҳи дар Чин дигар ба саломатиаш таҳдид намекунад",-гуфт, яке аз наздикони ӯ.
Қурбон Чолов дар ҳоле ҷароҳии қалб шуд, ки ду моҳи пеш бародараш Давлат Чолов аз ҷониби кормандони КДАМ дар вилояти Хатлон бо гумони ҷалби ҷавонон ба ҷангҳои Сурия боздошт шуда буд. Ин дар ҳолест, ки тирамоҳи соли гузашта телевизионҳои давлатӣ Панҷшер Чолов, фарзанди ӯро дар содир кардани садамаи ҷиноятӣ ва фирор аз ҷои садама гумонбар дониста, навори бозпурсии ӯро намоиш доданд. Ҳамчунин, соле пеш бародари дигараш Фирдавс Чолов барои нигаҳдошти миқдори ками маводи мухаддир аз ҷониби кормандони ШКД-и Кӯлоб боздошт шуда буд. Ин ҳодисаҳо ба гуфтаи наздикон, ба ҳолати рӯҳии ин фармондеҳ таъсири ҷиддӣ расонида аст, ки ниҳоят ба ҷарроҳии қалб анҷом ёфтааст.
Замони ҷанги шаҳрвандӣ ва то соли 2005 бародарон Чоловҳо аз пуртаъсиратрин фармондеҳони Фронти халқӣ дар умури сиёсии кишвар арзёбӣ мешуданд, ҳарчанд, миёни соикнони оддӣ ҳеҷ эътиборе надоштанд. Боздошти пай дар пайи наздикони ӯ аз поён ёфтани нуфузи ин хонавода, ки замоне, ҳеҷ мақоме бо онҳо сар ба сар шудан намехост, дарак медиҳад.