Беш аз 60 миллион сомонӣ қарзи КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар назди буҷаи давлат, ҳамчун қарзи беэътимод бекор карда мешавад.
Хабаргузории TojNews бо такя ба манобеи боэътимодаш дар Вазорати молия 23 май хабар дoд, ки ҳудуди 60 миллион сомонӣ маблағе, ки Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” мебоист тавассути Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба буҷаи мамлакат пардохт намояд, мехоҳанд бо ҳамин восита бекор кунанд. Манбаи ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки ин маблағҳо, аз ҳисоби напардохтани боҷи давлатӣ ва пинҳон кардани он барои ворид кардани техника ва таҷҳизоти бузург дар солҳои раҳбарии Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ дар КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва раиси пешини Хадамоти гумрук Гурез Зарипов ҷамъ шудаанд. Маблағи мазкур бо сари кор омадани Рустами Эмомалӣ фош карда шуда, аммо бо сабабҳои номаълум ба ин аъмол ҳамчун кирдори ҷиноӣ баҳои ҳуқуқӣ дода нашудааст, "ҳол он ки сухан аз аломатҳои ҷинояти қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо меравад."