Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ятсенюк хостори ҷаласаи изтирории Шӯрои Амният шуд


Арсений Ятсенюк
Арсений Ятсенюк
Арсений Ятсенюк-нахуствазири Украина аз Шӯрои Амнияти СММ хост, ки баъд аз даргириҳои маргбор дар шарқи Украина ҷаласаи изтирорӣ баргузор кунад. Вай 22 май дар шаҳри Киев ба рӯзноманигорон гуфт, мехоҳад делелҳоеро нишон диҳад, ки Русия талоши ташдиди вазъ дар Украинаро дорад ва мехоҳад интихоботи 25 майи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишварро ба ҳам бизанад.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи вазорати дифоъ гуфтааст, ки дар даргириҳои шабона бо ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия ва ҳамла ба посгоҳи наздикии Волноваха дар минтақаи Донетск 8 нафар аз нируҳои Украина кушта шудаанд. Аммо хабаргузории Ассошиейтед Пресс менависад, ки дар ин даргириҳо 11 нафар кушта, 30 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Як сарбози дигари украинӣ дар задухурде дар вилояти Луҳанск кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG