Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Freedom House аз ҳукми Тутубалина


Созмони Freedom House ҳукми додгоҳи Тоҷикистон нисбати нашрияи мустақили "Азия Плюс" ва хабарнигораш Олга Тутубалинаро «сонсур ва ҳушдори сиёсӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва матбуот» номидааст. Сюзан Корк, директории барномаи Freedom House дар АвроОсиё, гуфтааст, ки «Ҳукумати Тоҷикистон ва додгоҳ бояд Қонуни асосӣ, қавонини маҳаллӣ ва байналмилалии озодии баёнро риоя кунад. Додгоҳ бояд даъвоҳои бофтаеро, ки аз низоми адлия ба ҳадафи сонсури изҳори ақида сӯъиистифода мебаранд, рад кунад."
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе моҳи феврал нашрияи Азия Плюс ва хабарнигори он Олга Тутубалинаро бо ҷурми таҳқири зиёиён ба пардохти 30 000 сомонӣ, муодили тақрибан 6 000 доллар ҷарима муваззаф кардааст. Нашрия ва хабарнигораш нисбати ин ҳукм ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят бурданд, аммо додгоҳи Душанбе ҳам дар авоили моҳи май ҳукми догоҳи Фирдавсиро бетағйир боқӣ гузошт.
Дар моҳи июни соли 2013 Олга Тутубалина дар “Азия Плюс” дар матлабе бо номи “Неинтеллигентно об интеллигенции” пиромуни бозгашти шоири маъруф Бозори Собир баъди 19 соли ҳиҷрат бо истинод ба як гуфтаи асосгузори Иттиҳоди Шӯравӣ Владимир Ленин зиёиёнро бо наҷосат ташбеҳ кард. Ин ташбеҳ ба вокуниши тунди раҳбарони созмонҳои эҷодиву илмӣ, аз ҷумла сарони Фарҳангистони улум ва Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон рӯбарӯ шуд. Як гурӯҳи онҳо ба додгоҳ шикоят бурданд, ки Олга Тутубалина як қишри пешқадами ҷомиаро дар ин матлабаш гӯё таҳқир кардааст ва бояд товон диҳад.
Аммо ҳукми додгоҳ алайҳи "Азия Плюс" ва Тутубалина ба интиқодҳои тунди созмонҳои маҳалливу байналмилалии ҳомии озодии баён дучор шуд, ки ҷарима бастани хабарнигорон барои иқтибос аз Ленинро ҳамла ба озодии баён ва тарсондани боқӣ рӯзноманнигорон меноманд.
XS
SM
MD
LG