Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти шаҳрванди Тоҷикистон дар хатсайри "Душанбе-Челябинск"


Ҳувияти як шаҳрванди Тоҷикистон, ки рӯзи гузашта дар парвози хатсайри Душанбе-Челябинск даргузашт, маълум шудааст. Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, ин шахс Шарифов Шокирҷон Ёғиев, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва мутаваллиди соли 1987 мебошад. Ба гуфтаи манбаъ, ҷасади Шокирҷон Шарифов дар сардхонаи шаҳри Челябинск нигаҳдорӣ мешавад ва дар ҳоли ҳозир тахсиси тиббӣ барои муайян намудани сабабҳои марги ӯ идома дорад. Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон рӯзи 18 май ба "Озодӣ" гуфт гуфт, ки мақомоти сафорат ҳамакнун бо сохторҳои зидахли Русия дар тамос ҳастанд ва консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон омодагӣ кардаанд, ки дар амри ба ватан баргардони ҷасади Шокирҷон Шарифов мусоидат намоянд.
XS
SM
MD
LG