Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти волидони Саймурод ба додситонии Нуробод


Волидони Саидмурод Орзуев, сокини Нуробод дар пайванд ба ҳодисаи марги мармузи писарашон ба додситонии Нуробод шикоят бурдаанд.

Волидони Саймурод Орзуев, сокини деҳаи Ҳасандараи ҷамоати Ҳакимии ноҳияи Нуробод, ки ба иттилои вазорати корҳои дохилӣ гӯё худ аз болои пули баланд афтода, ҳалок шудааст, мегӯянд, ки имрӯз ба додситони ноҳияи Нуробод аризаи шикоятӣ бурда, хоҳиш кардаанд, ки ҳодисаи марги пайвандашонро ҳамаҷониба таҳқиқ намуда, гунаҳкоронро ба ҷазо бикашанд.

Алӣ Орзуев, падари Саймурод Орзуев рӯзи 12-уми май дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, имрӯз ба додситони ноҳияи Нуробод ариза пешниҳод кардааст, ки ҳодисаи марги фарзандашро таҳқиқ намояд. Вай гуфт, ки се рӯз қабл, кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия омада, либосҳои Саймуродро, ки дар вақти боздошташ дар милисахона дар танаш буданд, пурсиданд, вале вай радд кардаааст.

Ба гуфтаи Алӣ Орзуев, «писари ман вақте ба шуъбаи корҳои дохилии Нуробод бурда шуд, сиҳат ва саломат буд, вале мо ҷасади латукӯбшуда ва пури доғи ӯро пайдо кардем. Барои ҳамин, аз додситонӣ хоҳиш кардем, ки ҳодисаи мазкурро ҳамаҷониба тафтиш кунад.»

Саймурод Орзуев дар рустои Ҳасандараи ҷамоати Ҳакимии ноҳияи Нуробод зиндагии фақиронае дошт. Вақте, ки вай рӯзи 25 апрел симчӯби барқро бо мошинаш тахриб кард, кормандони милиса ва Бозрасии давлатии автомобилии ноҳия ӯро ба шӯъба оварданд, аммо баъди он, ки волидонаш ба суроғаш омаданд, кормандони милиса гуфтанд, ки ӯро раҳо намудаанд.

Танҳо пас аз 5 рӯзи ҷустуҷӯ ва кофтуков ҷасади Саймурод, рӯзи 30 апрел аз зери як кӯпрук дар назди рустои Чанор пайдо карда шуд, ки дар бадани ӯ осори латтукӯб ва ҳатто ба нақли падараш, доғи сими "трос" дар пойҳояш дида мешуд. Рӯзи 30 апрел ҷасади Саймурод дар Ҳасандара ба хок супурданд. Саймурод ҳамагӣ 30 сол дошт ва 3 моҳ пеш аз маргаш оиладор шуда буд.
XS
SM
MD
LG