Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интернет радиоро ба мардум наздиктар кардааст


Дар растаҳои бозор, дохили таксиву мусофирбарҳои хурд, чойхонаву тарабистонҳо, осоишгоҳҳо ва гоҳе ҳам сари гузару маҳаллаҳои деҳоти Тоҷикистон барномаҳои радио ҳаворо пур ва рангин мекунанд.

Онҳо гоҳе мусиқӣ, гоҳе охирин хабарҳо ва гоҳи дигар баҳсу гуфтугӯҳоро мешунавонанд. Одати мардум ба шунидани радио ҳамоно пойдор аст, аммо ин дигаргунӣ ҳам ба миён омадааст, ки шунавандаҳо омодаанд, ҳар лаҳзаи мумкин вориди гуфтугӯҳои зиндаи ин ё он радио шаванд ва назари худро баён доранд ё лаб ба шиква кушоянд.

Маҳмадсалим Юнусов, ки мегӯяд, дар навоҳии кӯҳистони Тоҷикистон ба сар мебарад, ҳар субҳ бо садои мусиқии радио бедор мешавад, ва рӯзашро низ ҳамроҳ бо барномаҳои рангоранги радио пушти сар мекунад. Ӯ меафзояд, «ҳоло радио барои мо воситаи асосии гирифтани хабар аст. Нисбати солҳои гузашта барномаҳо ва интихоби радиоҳо низ беҳтар шудааст, ва аммо агар барномаҳо бештар бошад, ҳамон қадар таваҷҷӯҳи мо низ нисбати ин расона зиёд мегардад.»

Зери таъсири инқилобҳои технологӣ андешае дар ҷомеа роиҷ гашта буд, ки ба зудӣ қарни радио ба поён мерасад, аммо интернет, зоҳиран, радиоро ба мардум наздиктар кард. Агар 20 сол пеш одамон барои шунидани барномаҳои дӯстдоштаи худ радиоҳои транзисториро бо худ мегардонданд, ҳоло як телефони ҳамроҳ кофист, ки бо насби нармафзори зарурӣ ҳамаи радиоҳои дилхоҳ, ба истилоҳ, дар ҷайби онҳо бошанд. Вале боз ҳам таваҷҷӯҳи мардум ба радио аз муҳтавои барномаҳо сарчашма мегирад.
Сулаймон Акрамов, сокини шаҳри Хуҷанд, ки ронандаи таксӣ аст, мегӯяд, кайҳо аз тамошои телевизионҳои давлатӣ даст кашидааст ва аммо барномаҳои радиои «Ватан» ва «Садои Душанбе»-ро пайваста дунбол мекунад. Вай меафзояд, «ман радиоро ба хотири он дӯст медорам, ки дар мавзӯъҳои хуб барнома таҳия мекунанд, ҳам дар мавзӯъи сиёсӣ, ҳам диниву ҳуқуқӣ, ин гуна мавзӯъҳо дар телевизион қариб ки матраҳ намешавад. Мо ҷонибдори он ҳастем, ки масъалаҳои рӯзмарра бештар гуфта шаванд, масалан аз Русия ҳамасола садҳо ҷасади муҳоҷиронро ба Тоҷикистон меоранд, бояд дар ин бора ҳар бигӯянд.»

Дар ҳамин ҳол, аз нигоҳи Саноат Бозорова, профессори сиёсатшиносӣ, дар ҷомеи мисли Тоҷикистон радио мавқеъи худро ҳамеша нигаҳ хоҳад дошт. Ба гуфтаи бону Бозорова, ҳоло мардум аз ин расона дар баробари шунидани ахбори фаврӣ ҳамчунин баррасӣ шудани масъалҳаои доғро интизоранд. Ӯ аз ҷумла гуфт, «ҳоло мушкилот дар ҷомеа хеле зиёд аст. Шӯрӯъ аз мушкилоти иқтисодии кишвар то рушди санъат. Барои шунавандае мисли ман ҳамин мавзӯъҳо ҷолибанд.»

Кормандони радио ҳар сол 7-уми май иди касбии худро ҷашн мегиранд ва ба бартарии радио нисбат ба расонаҳои дигар таъкид мекунанд. Ҷовид Муқим, устоди журналистика ва муҳаррири радиои «Фарҳанг» мегӯяд: «Ба фарқ аз дигар расонаҳо радио ба шунавандае, ки ба коре андармон бошад халалу монеа эҷод намекунад. Дигар ин ки, дар Тоҷикистон аз ҳисоби афзудани шумораи нақлиёт шунавандаи радио зиёд шудааст, чун мебинем, ки дар воситаҳои нақлиёт шурӯъ аз хатсайрҳо то мошинҳо шахсӣ, ки аз 5 нафар иборат аст, радио мешунаванд. Агар мо дар Тоҷикистон 1 миллион нақлиёт дошта бошем, пас тақрибан ҳамин қадар шунаванд дорем. Махсусан аз охирҳои моҳи октябр то моҳи март бинобар лимити барқ шунавандаҳои радио низ боло меравад.»


Носирҷони Маъмурзода пешниҳод дорад, ки иди касбии кормандони радио ба рӯзи 10-уми апрел кӯчонда шавад.
Носирҷони Маъмурзода пешниҳод дорад, ки иди касбии кормандони радио ба рӯзи 10-уми апрел кӯчонда шавад.
Ҳоло дар Тоҷикистон 38 шабакаи радио фаъолият мекунад ва бара асоси пурсиши ахири Маркази назарсанҷии “Зеркало”, ки соли гузашта анҷом шуда буд, шунавандаҳои тоҷик бештар аз ҳама радиои “Садои Душанбе”-ро маҳбуб хондаанд. Аз 910 нафари пурсидашуда дар ин назархоҳӣ ҳамчунин шабакаҳои радиоии “Тироз” дар Хуҷанд ва “Имрӯз”-у “Ватан дар пойтахти Тоҷикистонро дар ҷумлаи радиоҳои маҳбуби худ ном бурдаанд. Дар ин назарсанҷӣ мардум радиоҳои “Авис-Плюс”, “Азия ФМ”, “Ховар”, “Тоҷикистон-1” ва “Азия Плюс” низ сутудаанд.

Аммо дар робита ба Рӯзи радио, пешниҳоди корманди собиқи Радиои Озодӣ Носирҷони Маъмурзода дар шабакаи "Фейсбук" пуштибонии бисёриҳоро ба миён овардааст, ки мегӯяд, чун нахустин барномаи радиоӣ дар Тоҷикистон 10-уми апрели соли 1930 рӯи мавҷ омадааст, шояд вақти он расид, ки иди касбии кормандони радио ба ин рӯз кӯчонда шавад. Ҳамон гуна, ки Рӯзи матбуот аз санаи нашри рӯзномаи “Правда” ба рӯзи чопи “Бухорои шариф” интиқол ёфт ва ба дилҳо наздиктар шуд.
XS
SM
MD
LG