Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

200 тонна кумакҳои Тоҷикистон ба мардуми офатзадаи афғон


Обиборик. Акс аз бойгонӣ
Обиборик. Акс аз бойгонӣ
Тоҷикистон ба офатзадаҳои ҷамоати Обиборики Афғонистон беш аз 200 тонна маводи аввалияи мавриди ниёзи мардум кумак кард. Як ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбари муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда 200 тонна орду шакару раваған ва дигар маводи мавриди ниёзи аввалро ба мардуми офатзадаҳои Афғонистон расониданд
Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз ноҳияи марзии Панҷи поён ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳайати Тоҷикистон ба раҳбарии муовини раиси ин Кумита Рустам Шоев кумакҳоро ба мардуми офатзадаи Бадахшони Афғонистон расонда, дар ҳоли баргашт ба Тоҷикистон мебошад.
Вай афзуд, ёриҳои Тоҷикистон 12 мошини ҳомили орду шакар, равған ва дигар маводи мавриди ниёзи мардум, ҷамъан 200 тоннаро дар бар мегирифт.
Кумакҳои хайрияи Тоҷикистонро раиси вилояти Бадахшони Афғонистон Шоҳвалилуллоҳи Адиб ва раиси Кумисияи кумак ба офатзадаҳо доктор Гулаҳмади Бедор қабул карданд.
Рӯзи 2 май бар асарифурӯ рафтани теппа дар рустои Обиборики вулусволии Аргуи вилояти Бадахшони Афғонистон садҳо нафар ҳалок шуданд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки дар ин офат то 2 700 нафар аз аҳли рустои Обиборик ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG