Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари номдори як қабила террор шуд


Мардони мусаллаҳи номаълум дар Вазиристони Шимолӣ Малик Қодирхон-раҳбари номдори яке аз қабилаҳои Покистонро ба қатл расонданд. Маликхон ҷонибдори ҳукумат буд. Вай бо ронанда ва посбонаш ҳангоми ҳаракати мошин дар маҳале бо номи Чашма Пул 1 май ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.

Дар ин бора як манбаъ дар ҳукумат ба матбуоти Покистон хабар додааст. Масъулияти ин кушторро нируе ё касе бар уҳда нагирифтааст. Маликхон ба қабилаи Мадакҳел тааллуқ дорад ва дар мулоқотҳо бо намояндагони расмии ҳукумат ширкат мекард.

Вазиристони Шимоӣ бо Афғонистон ҳаммарз аст ва дар ин минтақа Таҳрики Толибони Покистон, ки бо номи Толибони Покистон низ маъруфанд, ҳузури қаввӣ дорад.
XS
SM
MD
LG