Гузориши солонаи Freedom House оид ба озодии матбуот дар олам рӯзи панҷшанбе, 1 май, муаррифӣ шуд. Дар раддабандии умумӣ Тоҷикистон дар миёни 197 кишвару қаламрав дар хатти 175-ум, байни кишварҳои африқоии Конгову Руанда ва Эфиопияву Судон ва ҳам Русия ва дар байни 12 кишвари пасошӯравӣ ё АвроОсиё дар мақоми шашум ҷой дода шудааст.
Муаллифони гузориш навиштаанд, ки соли гузашта озодии матбуот дар ҷаҳон ба сатҳи пойинтарин дар даҳ соли ахир расид. Ин пойинрафт, аз нигоҳи онҳо, ба фишору таъқиби хабарнигорон ва эҷоди монеъа дар фаъолияти расонаҳо дар кишварҳои Ховари Миёна – Миср, Либия, Урдун ва ҳамчунин Туркия, Украина ва кишварҳои шарқи Африқо бастагӣ дорад. Freedom House мегӯяд, ки фақат дар 14 дар сади кишварҳои олам матбуот озод аст. Дар 42 дар сади кишварҳо матбуот “қисман озод” ва дар 44 сад – “ноозод” арзёбӣ шудааст.
Як сол пеш Хонаи Озодӣ аз миёни 197 кишвару қаламрав 63-тояш ё 32 дар садро «озод», 68 кишвар ё 35 дар садро «қисман озод» ва 66 кишвар ё 33 дар садро «ноозод» хонда буд. Кэрин Карлекар, раҳбари тарҳи Хонаи Озодӣ мегӯяд, «мо шоҳиди пойинрафти озодии расонаҳо дар сатҳи ҷаҳонием ва ин бо талоши ҳукуматҳо барои назорати расонаҳо ва муҷозоти расонаҳои «саркаш» бастагӣ дорад». Дар ҳар минтақаи ҷаҳон, афзудааст хонум Карлекар, ҳукуматҳо ва гурӯҳҳоеро мебинем, ки ба хабарнигорон ҳамла мекунанд, дастрасии онҳоро ба ҷойи ҳодиса номумкин месозанд, матлабҳои расонаҳоро мӯшикофона тафтиш мекунанд ва хабарнигоронро бо парвандаҳои ангезаи сиёсӣ дошта ба маҳбас мефиристанд.
Ба гуфтаи масъули тарҳи Хонаи Озодӣ, мақомоти Русия ва Чин аз тамдиди сабти номи расонаҳои хориҷӣ ва додани раводид ба бархе хабарнигорони дигар мамолик сарпечӣ карданд. Ҳукумати нави Миср аз ин фаротар рафта, кормандони зиёди шабакаи телевизионии «Ал-Ҷазира»-ро дар пуштибонӣ аз терроризм айбдор намуд.
Freedom House ба «ҳаштгона»-и кишварҳои матбуоташон комилан ноозод – Белорусия, Куба, Гвенияи экваторӣ, Эритрея, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Туркманистон ва Узбакистонро шомил кардааст.
Ҳамзамон, ба гуфтаи муаллифон, дар Қирғизистон ва Гурҷистон таҳаввулоте мусбие дар роҳи озодии матбуот ба амал омад.
Аз миёни ҳашт кишваре, ки сатҳи озодии матбуот бадтарин дар олам арзёбй шудаст, сетояш – Белорусия, Узбакистон ва Туркманистон дар минтақаи АвролОсиё ҷойгир шудаанд. Аз миёни дигар кишварҳои минтақа, аз нигоҳи муаллифони гузориши Хонаи Озодӣ, вазъ дар Русия ва Озарбойҷон аз ҳама бештар мояи нигаронӣ шудааст. Cоли гузашта раисиҷумҳури Русия Владимир Путин хабаргузории РИА Новостиро барҳам дода ба ҷойи он «Россия сегодня» -ро таъсис дод, ки ҳадафаш инъикоси сиёсати давлатӣ ва зиндагии мардуми Русия дар хориҷи кишвар арзёбӣ шудааст. Раҳбарии хабаргузории нав бар ӯҳдаи Дмитрий Киселев, шореҳи шабакаи давлатии “Россия”, ки дар гузоришҳояш аз сиёсати ҳукумат сарсахтона ҳимоят мекунад, вогузор гардид. Ҳукумати Русия ҳамчунин барои расонаҳои интернетӣ маҳдудиятҳо ҷорӣ кард.
Ҳукумати Озарбойҷон тамосҳои телефонии хабарнигорон ва блогнависонро таҳти назорат гирифт ва дар роҳи пахши барномаҳои Радиои Озодӣ дар кишвар монеъаҳои нав эҷод кард. Украина баъд аз ҳамлаҳо ба хабарнигороне, ки мехостанд ҳаводиси Евромайдон дар Киевро инъикос кунанд, ба феҳристи кишварҳои “ноозод” шомил шуд.
Дар гузориши Хонаи Озодӣ дар бораи вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон чизе гуфта нашудааст, аммо, ба гуфтаи мутахассисону таҳлилгарони маҳаллӣ, дар раддабандии умумӣ дар миёни 197 кишвару қаламрав дар хатти 175-ум қарор гирифтани кишвар худ шоҳиди ҳол аст. Аз нигоҳи Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, муаллифони гузориш метавонистанд Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои “қисман озод” ҷой кунанд, зеро “қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии васоили ахбори оммаро кафолат медиҳад ва аз сӯи парлумони кишвар соли гузашта тасвиб кардани қонуни нави матбуоту дигар гомҳо маҳз барои рушди расонаҳои озоду гуногунақида равона шудаанд”. Аммо ӯ иқрор мекунанд, ки ин қонунҳо амалӣ намешаванд, ва маҳз “қонуннописандӣ аз сӯи бархе мақомоти давлатӣ яке аз далелҳоест, ки Тоҷикистон наметавонад дар сафи кишварҳои матбуоташ озод ҷой бигирад”. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи раҳбари НАНСМИТ, “озодии баён дар ҷомеъаи Тоҷикистон аз озодӣ дар матбуот дида бештар аст".
Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, муҳимитарин мушкили расонаҳои Тоҷикистон – дастрасӣ ба иттилоот боқӣ мемонад, ки ду паҳлӯ дорад - аз як сӯ, мақомоти расмӣ дарёфти иттилоъ аз сӯи расонаҳоро маҳдуд кардаанд, ки нақзи ҳуқуқи хабарнигорон аст ва аз сӯи дигар, дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии маҳалливу хориҷӣ тавассути Хадамоти алоқаи Тоҷикистон масдуд мешавад, ки нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон барои дарёфти иттилоъ мебошад. Ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев, дар Тоҷикистон додгоҳ мустақил нест ва аз ин рӯ парвандаҳои марбут ба расонаҳову хабарнигорон аксар вақт беғаразона ва воқеъбинона баррасӣ намешаванд.
Темур Варқӣ, хабарнигор ва таҳлилгари тоҷик, ҳам ба мавқеи ғаразноки додгоҳ дар парвандаҳои рӯзноманигорон ишора карда, ҳукми ахири додгоҳ нисбати хабарнигори нашрияи “Азия плюс” Олга Тутубалинаро намуна меоварад. Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 30 апрел аз бознигарии ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар мавриди даъвои зиёиён алайҳи ин хабарнигор сарпечӣ кард. Бар пояи ҳукми додгоҳи ноҳия бояд Тутубалина 30 ҳазор сомонӣ ҷарима пардозад.
Темур Варқӣ мегӯяд, далелҳои нақзи ҳуқуқи хабарнигорон дар Тоҷикистон зиёданд ва ин гуна бархӯрд бо хабарнигорон дар кишвари матбуоташ ҳатто қисман озод номумкин аст. Ба гуфтаи ӯ, қазияи Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории «Озодагон», ки 25 декабри соли гузашта, ҳангоми талоши инъикоси мурофиаи додгоҳии пурсару садои Зайд Саидов, соҳибкори xшинохтаи тоҷик, боздошт ва аз сӯи кормандони милиса лату кӯб шуд, намунаи равшани бархӯрд бо кормандони расонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон аст. Темур Варқӣ мегӯяд, худи ӯ соли гузашта дар ҳоле, ки мехост намоиши эътирозии тоҷирони бозори “Корвон”-ро инъикос кунад, мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор дошт – онҳо бо зӯр камераи аккосӣ ва шаҳодатномаи хабарнигорияшро гирифтанд. Хабарнигор меафзояд, мақомоти Тоҷикистон чандин бор талоши задани мавҷҳо ва ба ин васила ҷилавгирӣ аз пахши барномаҳои телевизиони мустақили “Сафо”-ро ҳам карданд. Кормандон ва пайвандони ин телевизион, ба гуфтаи Темур Варқӣ, тавассути телефон ва аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ борҳо мавриди таҳдиду ҳамлаҳои лафзӣ қарор доштанд.