Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 26-уми апрел дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, соати 14:30 дақиқаи рӯзи 25-уми апрел дар ҳудуди деҳаи Робиаи Балхии ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ борони шадид борида, селхезӣ ба вуҷуд омадааст.
Дар натиҷа ду нафар сокинони ин деҳа Бобоҷон Тағойбеков, соли таваллудаш 2005 ва Бадриддин Эшонкулов, мутаваллиди соли 2002, ки дар талу теппаҳо машғули бозӣ будаанд зери сел мондаанд. Дар натиҷаи талошҳои мардуми ин деҳа ин ду наврас аз зери сел берун оварда шуда ва ба бемористони марказии ноҳияи Рӯдакӣ интиқол дода шудаанд. Ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, Бобоҷон Тағойбекови 9-сола дар бемористон соати 15:45 дақиқаи ҳамон рӯз ҷон додааст.
Дар ҳоле, ки мақомоти расмӣ шумораи қурбониёни селхезӣ дар Султонободро як нафар мегӯяд, аммо сокинони маҳаллӣ ба хабарнигори "Озодӣ" дар маҳал гуфтанд, ки дар ин ҳодиса се нафар ҷони худро аз даст додаанд. Аз ҷумла, аз ҳалокати як хонандаи синфи ёздаҳум гузориш шудааст, ки ба чаронидани чорво машғул будааст. Манбаъ мегӯяд, ки падару модари ин писарбача дар Русия дар муҳоҷирати корӣ будаанд ва ӯ дар ҳамроҳ бо падарбузургаш зиндагӣ мекардааст. Дар пайи боронгариҳои сахти рӯзи 25-уми апрел, ҳамчунин миқдори зиёди чорвоҳои бошандагони ин маҳал талаф шудааст.
Як мақом дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфт селхезиҳои рӯзи гузашта дар ноҳияҳои Ёвон, Рӯдакӣ, Ҳисор ва Турсунзода хисороти молӣ дар пай доштааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир комиссияи вижаи ин ниҳод дар пайи муайян кардани ҳаҷми хисорот ва бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ мебошад. Ҷамоати Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ дар марз бо ноҳияи Ёвон қарор дорад.
Давоми ду ҳафтаи ахир Тоҷикистон шоҳиди боронгариҳо шадид буд, ки талафоти ҷонӣ ва молӣ дар пай дошт. Шаби 12 ба 13-уми апрел бар асари боришоти шадид, ярч ба рустои Одинабойӣ ҷамоати Саричашмаи Шӯрообод фаромада ва 13 кушта бар ҷой гузошт. Рӯзи 16-уми апрел, бар асри боришоти зиёд дар кӯҳдоманаҳои атроф ба деҳаи «Меҳнатобод»-и ҷамоати Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон сел фаромад, ки дар натиҷа 2 кӯдак ҳалок ва 170 манзили зист тахриб шуд.