Кумитаи оид ба корҳои дин ва Маркази исломии Тоҷикистон китоберо бо номи “Мавъизаҳо” аз чоп баровард, ки аз ин пас имомхатибон аз руи он мавъиза хоҳанд кард. Аз кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 25-уми апрел хабар доданд, ки ин китоб фарогири 50 мавъиза дар мавзуҳои диниву ахлоқӣ, эҳсону накукорӣ ва дигар аҳкоми дини мубини ислом буда, ба теъдоди 500 нусха ба табъ расидааст. Аммо ин китоб дар фурӯш нест ва ройгон ба имомхатибони масҷидҳои ҷомеъи кишвар дода мешавад. Кумитаи дини Тоҷикистон ду сол боз рӯихати мавзуҳои мавъизаи имомхатибонро омода кардааст, ки ҳар имомхатиб бояд аз рӯи он мавъиза кунад.