Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аваков: Амалиёт дар шарқи Украина мутаваққиф нашудааст


Мақомоти Украина хабарҳо дар бораи мутаваққиф шудани амалиёти зиддитеррор дар шарқи кишварро рад карданд. Кафили вазорати умури дохилии кишвар Арсен Аваков рӯзи ҷумъа, 25 апрел, гуфт, овозаҳо дар мавриди он ки ин амалиёт баъд аз изҳороти вазири дифои Русия оид ба шурӯи тамринҳои низомӣ дар марз бо Украина қатъ шудаанд, появу бунёд надоранд.

Аз ин пеш кафили раёсатҷумҳурии Украина Олександр Турчинов ҳам дар як паёми телевизионӣ таъид кард, ки амалиёт алайҳи ҷудоихоҳон дар ҷанубу шарқи кишвар идома хоҳад кард.

Арсен Аваков сару садоҳо дар бораи ширкати “Правий сектор” ва дигар нерӯҳои сиёсӣ дар амалиёти зиддитеррорро низ рад кард. Ба гуфтаи ӯ, ба амалиёт ягон гурӯҳу созмони сиёсиву иҷтимоӣ роҳ дода нашудааст ва онро нерӯҳои вазорати умури дохилӣ, Хадамоти амният ва вазорати дифои Украина анҷом медиҳанд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи панҷшанбе, амалиёти зиддитеррор дар шарқи Украинаро чун “ҷинояти мақомот алайҳи мардум” арзёбӣ кард ва гуфт, ки он “паёмадҳои бад” хоҳад дошт. Ӯ ҳукумати ғарбгарои Украинаро “хунта” номид.

Бар асари задухӯрди нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳони рустабор дар канори шаҳри Славянски вилояти Донетск рӯзи панҷшанбе дасти кам панҷ нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG