Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин аз оқибатҳои амалиёти Украина ҳушдор дод


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфт, ирсоли сарбозони Украина ба шарқи кишвар, “баробар ба ҷинояти мақомот алайҳи мардум” аст ва “оқибатҳои бад” хоҳад дошт. Владимир Путин рӯзи 24-уми апрел дар ин бора дар шаҳри Санкт Петербург баъд аз он сухан гуфт, ки мақомоти Украина аз пешрафт дар рондани ҷудоихоҳон аз идораҳои ҳукуматӣ дар шарқи кишвар хабар доданд. Владимир Путин амалиёт алайҳи ҷудоихоҳони Русиягароро, “муҷозоти” ин мардум номид ва ҳукумати ғарбгарои Украинаро “хунта ва ё як даста” хонд. Раиси ҷумҳури Русия афзуд, ки таҳримоти эъмолкардаи Ғарб, ба иқтисоди Русия таъсири манфӣ гузоштааст, вале на таъсири фавқуллода.
XS
SM
MD
LG