Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таҳрир"-и сиёсат: Тоҷикистон рӯ ба Осиё меоварад?


Сиёсатшиносон мегӯянд, Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳокист, ки давлати Тоҷикистон сиёсати хориҷияшро “таҳрир” мекунад.

Аз нигоҳи Темур Варқӣ, таҳлилгар ва рӯзноманигори тоҷик, ин “таҳрир”-ро баъд аз омӯзиши паёми ахири Эмомалӣ Раҳмон ва суханронии як сол пеши ӯ зимни ифтитоҳи бинои нави вазорати умури хориҷии кишвар метавон баръало дид. Ӯ меафзояд, соли гузашта раисиҷумҳур ба авлавияти равобиту ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистону Эрон ва Русияву Чин таъкид карда, сипас ба муносибатҳо бо Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо арҷ гузошта, ба думбол аз Ҳинду Покистон, Ҷопону Корея, Туркияву олами араб ном бурда буд.

Дар паёми имсола бошад, раисиҷумҳур баъди Чин аз Ҷопон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Корея, Покистон ва Туркия ёдовар шуд ва ҳамкорӣ бо онҳо дар бахши бунёди сохторҳои иртиботиву нақлиётӣ ва иншооти гидроэнергетикиро барои Тоҷикистон басо муҳим хонд. Темур Варқӣ мегӯяд, ки фақат баъд аз ин Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “Тоҷикистон ҷонибдору ҳавасманди густариши ҳамкории гуногунҷабҳа бо Амрико ва кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупост, ки онҳо дар
Темур Варқӣ
Темур Варқӣ
сиёсату иқтисоди дунёи муосир нуфуз ва нақши бузург доранд”. Яъне, хулоса мекунад таҳлилгар, "Тоҷикистон дар авлавиятҳои сиёсати хориҷияш Амрикову Аврупоро хело пойинтар - баъд аз кишварҳои осиёӣ ва пеш аз олами араб - Арабистони Саудӣ, Миср, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар ва дигар мамолики исломӣ қарор додааст".

Темур Варқӣ мутмаин аст, ки ин гуна “таҳрир”-и сиёсати хориҷӣ ва раддабандии нав – таъсири муноқишаи Русия бо Амрикову Иттиҳодияи Аврупо дар бӯҳрони Украина аст. Ӯ мегӯяд, замима шудани Қрим ба Русия ва бенизомиҳо дар шарқи Украина барои кишварҳое чун Тоҷикистон паёме шуданд, ки берун баромадан аз хатти кашидаи Кремл чӣ паёмадҳои номатлубе метавонад ба думбол дошта бошад. Ба гуфтаи таҳлилгар, бисёр кишварҳои шӯравии собиқ бо таҳдиди дубора ба Русия замима шудан қарор доранд, зеро дар аксари онҳо қаламравҳое ҳастанд, ки теъдоди зиёди русзабонҳо ба сар мебаранд ва метавонанд баргузории раъйпурсӣ барои пайвастан бо Русияро талаб кунанд. Аз сӯи дигар, "таҳдиди падруд бо қудрати беандозаи феълӣ сарони ин кишварҳоро барои ба ҳар атсаи Маскав тамаллуқкорона “бале!” гуфтан водор месозад".

Саймуддин Дӯстов, раҳбари маркази таҳлилии “Индем”, ҳам мегӯяд, паёми раисиҷумҳур ҳокист, “ҳукумати феълӣ мехоҳад дубора Маскавро ба мутмаин кунад, ки дар Тоҷикистон аз онҳо дида “бачаҳои хубтар” нестанд ва онҳо аз сиёсатҳои Русия пуштибонӣ мекунанд". Ба гуфтаи таҳлилгар, ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба ҳаводиси Украина ва паёмадҳои он барои кишвар таҳлилҳои амиқи касбӣ ва бо ояндабиниҳо барои ҳатто ним соли наздикро надорад ва аммо аз сиёсатҳои Русия дар ин мавриди сахт ҷонибдорӣ мекунанд,
Саймуддин Дӯстов
Саймуддин Дӯстов
то газанде ба ҳукумати шахсии Эмомалӣ Раҳмон нарасад. Саймуддин Дӯстов меафзояд, “ҳама гуна сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳадди аққал барои ду соли дигар бо ҳавои хостаҳои Кремлин дуруст хоҳанд шуд ва инро ғарбиҳо – Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА хуб дарк кардаанд”

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи таҳлилгар, мақомоти Тоҷикистон хуб дарк мекунанд, ки дурӣ ҷустан аз Амрикову Аврупо ба нафъашон нест ва онҳо аз як сӯ татбиқи бархе барномаҳои муштаракро идома медиҳанд ва, аз сӯи дигар, "бо таҳкими робитаҳо бо Арабистони Саудӣ, Қатар ва Аморати муттаҳидаи араб ба Вошингтон паём мефиристад, ки бо муттаҳидони ИМА дар олами ислом наздиканд ва бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд".

Аммо як дипломати тоҷик, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, паёми раисиҷумҳур на ба маънои дурӣ ҷустан аз Амрикову Аврупо, балки ба хотири вусъати ҳамкории зичтар бо кишварҳои Осиё ва олами араб аст ва сарвари кишвар ин ҷо бештар манфиатҳои кишварро ба назар гирифтааст. Аз нигоҳи ӯ, Тоҷикистон барои тарҳҳои бузурги иқтисодӣ ба сармояи зиёд ниёз дорад ва ин сармояро метавон аз кишварҳои арабӣ пайдо кард.

Суҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ҳам бо иддаои
Суҳроб Шарифов
Суҳроб Шарифов
дурӣ ҷустани Тоҷикистон аз ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо мувофиқ нест ва мегӯяд, ки сиёсати хориҷии кишвар бо такя ба таҳаввулоти ҷаҳони имрӯз барномарезӣ шудааст ва муҳим он аст, ки "сиёсати дарҳои боз" равобиту ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳонро густаришу тақвият мебахшад. Ба гуфтаи ӯ, "раисиҷумҳур бори дигар таъкид кард, ки мо "сиёсати дарҳои боз дорем ва онро ҳеҷ гоҳ дигар иваз намекунем ва он давлатҳое, ки бо мо дустӣ ва аз рӯи манфиатҳои прагматикӣ мехоҳанд муносибат кунанд, мо бо онҳо ҳам нияти муносибат дорем."

Ёдовар мешавем, Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи чаҳоршанбе, дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ ба зарурати тақвияти равобити сиёсиву иқтисодӣ бо Русия таъкид кард. Ӯ Русияро шарики асосии стратегии Тоҷикистон номид ва гуфт, ҳамкориҳои сиёсӣ ва низомии кишварашро бо Русия на танҳо "прагматизми иқтисодӣ", балки пайвандҳои қавии таърихӣ ва фарҳангӣ тақозо мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд таъкид намуд ва аммо ба ҳамкориҳо бо кишварҳое чун Гурҷистон, Арманистон, Озарбойҷон, давлатҳои собиқ шӯравии соҳили Балтик ва ҳатто Белорус ишорае накардаст.
XS
SM
MD
LG