Думаи давлатии Русия қонуни нав ва сахтеро қабул кард, ки озодии сухан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва блогҳоро маҳдуд мекунад. Бар асоси қонун, ки рӯзи 22 апрел дар дума қабул шуд, ширкатҳои мухобиротӣ аз ҷумла хориҷӣ ба мисли Гугл, ки мукотиботи электронӣ пешниҳод мекунанд, бояд дар ниҳодҳои давлатии Русия сабти ном кунанд ва иттилоотеро, ки аз тариқи онҳо раду бадал мешавад, бояд дар маъхази як ширкати мухобиротӣ дар қаламрави Русия нигаҳ доранд. Бар асоси ин қонун, ҳамчунин блоггерҳое, ки рӯзона 3 ҳазор корбар аз саҳифаҳои онҳо дидан мекунад, бояд ному насаб ва имейли воқеъии худро ба мақомот ошкор намоянд. Санади мазкур ҳамчунин аз блоггерҳо мехоҳад, қонун дар бораи матбуотро риоя кунанд, дар акси ҳол барои бӯҳтон, тундгароӣ ва нашри ахбори дурӯғ ҷарима мешаванд.