“Равшан”, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, бозии даври 6-ум ва охиринро дар гурӯҳи “А” шоми чоршанбеи 23-юми апрел дар меҳмонӣ бо тими “Сафо”-и Лубнон анҷом медиҳад.
Ҷовидон Бобоев, сухангӯи дастаи “Равшан”, ба радиои Озодӣ гуфт, “Дар бозӣ муқобили “Сафо” ба ҷуз футболбозони ҷавон, бархе аз бозигарони собиқи даста, ки феълан дар тимҳои дигари кишвар бозӣ мекунанд, ширкат хоҳанд кард. Инҳо – дарвозабон Рустам Ризоев, ҳимоятгарон Мӯсо Содиқ, Ҳасан Рустамов, нимҳимоятгар Бахтиёр Ҳасанов (ҳарчор аз “Энергетик”) ва нимҳимоятгар Ҳикматулло Расулов (“Регар-ТадАЗ”) мебошанд. Ҳамлагар Соломон Течи (“Далерон-Ӯротеппа), ки ду огоҳӣ гирифтааст, ҳаққи ширкат дар ин бозиро надорад. Инчунин нимҳимоятгар, легионер аз Узбакистон Сайриддин Ғаффоров (“Регар-ТадАЗ”), ки мӯҳлати раводидаш ба охир расидааст, ба Бейрут сафар карда натавонист.”
“Равшан” бо чунин ҳайат ба Бейрут рафтааст: Рустам Ризоев, Неъматулло Тошев, Ҳасан Рустамов, Сайидхони Ҳамрохон, Зариф Рустамов, Комрони Сайидзода, Фаридун Рустамов, Абубакр Азимов, Мӯсо Содиқ, Ҳикматулло Расулов, Муҳммадҷони Ҳасан, Бахтиёр Ҳасанов, Наврӯз Рустамов, Индус Ҳусейнзода.
Раҳбари даста: Дилшод Шарифов.
Мураббиён: Ғайраталӣ Мираҳмадов ва Маъруф Рустамов.
Сухангӯ: Ҷовидон Бобоев.
Бояд тазаккур дод, новобаста аз натиҷаи бозии охирин “Равшан”, ки бидуни имтиёз дар гурӯҳи “А” дар зинаи охирин қарор дорад, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқа маҳрум шудааст.
Дар бозии дигари даври 6-ум дар гурӯҳи “А” 23-юми апрел «Ал Сувайқ»-и Умон дар майдони худ бо «Зат Рас»-и Урдун рақобат хоҳад кард.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «А»
Ба гуфтаи Акрам Ҳусайнов, менеҷери “Равшан”, қаҳрамони ду соли охири футболи Тоҷикистон дар ҳоле ба бозии Ҷоми АФК меравад, ки дар арафаи мавсими имсола бе сарпараст монд ва ба мушкилоти сахти молӣ гирифтор шуда, аксари бозигарони асосиашро аз даст дод.
Аз ҷумла, нишонзани асосии даста Дэвид Мауто, легионери африқоӣ аз Гана, ба тими рақиби аслии "Равшан" - "Истиқлол"-и Душанбе - гузашт. Шаш бозигари асосии даста, бо шумули Соломон Течи, дар тими "Далерон-Ӯротеппа"-и Истаравшан, чаҳор нафар дар дастаи «Энергетик”-и Душанбе ва ду нафари дигар дар дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бозӣ мекунанд.
Бинобар ин "Равшан" дар мусобиқаи имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон бо футболбозони ҷавонаш бозӣ мекунад. Ба дархости «Равшан» ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар 21 футболбоз дохил шудааст:
дарвозабонҳо: Неъматулло Тошев, Баҳодур Шамсов, ҳимоятгарон: Хуршед Абдуллоев, Тоҳири Баҳром, Зарифҷон Рустамов, Дилшод Лашкаров, Далер Чолов, Абубакр Азимов, Ҳусайнҷони Маҳмадалӣ, нимҳимоятгарон: Фаридун Рустамов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Ширинҷон Наимов, Зокир Абдулхайров, Комрон Саидзода, Саидхони Амрохон, Шодиҷон Муродов, ҳамлагарон: Наврӯз Рустамов, Фурқат Мирҳайдаров, Индус Ҳусейзода, Далер Шарифов, Некқадам Абилов.
Ёдовар мешавем, «Равшан» таҳти раҳбарии сармураббӣ Ғайраталӣ Мираҳмадов бо ҳайати нави худ дар нахустин бозии чемпионати имсола рӯзи 17-уми апрел дар Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, аз тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 1-3 мағлуб гаштааст. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии даври аввал миёни «Равшан» (Кӯлоб) – “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) аз 13-уми апрел ба 7-уми май гузаронида шудааст.
«Равшан» бозии даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистонро рӯзи душанбеи 28-уми апрел дар майдони худ – Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб – бо дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа анҷом медиҳад. Дар ҳамин ҳол «Равшан», ки ҳамагӣ як бозӣ кардааст, бидуни имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи охирин – 10-ум қарор дорад. «Вахш» бо 3 имтиёз аз ду бозӣ дар ҷойи панҷум мебошад.
Баъди натиҷагирии ду даври мусобиқаи XXIII қаҳрамонии Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе бо 6 имтиёз дар садри ҷадвали бозиҳо қарор дорад. Дастаҳои “Хайр”-и Ваҳдат, ”Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Энергетик”-и Душанбе, ки чоримтиёзӣ ба даст овардаанд, мутаносибан дар зинаҳои аз дувум то чаҳорум ҷойгир шудаанд.

Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
1 | «Сафо» | 5 | 4 | 1 | 0 | 5-1 | 13 |
2 | «Зат Рас» | 5 | 3 | 1 | 1 | 9-4 | 10 |
3 | «Ал Сувайқ» | 5 | 2 | 0 | 3 | 8-4 | 6 |
4 | «Равшан» | 5 | 0 | 0 | 5 | 5-18 | 0 |