Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии «Истиқлол» дар мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон


Чаҳор бозии даври дувуми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи шанбе, 19-уми апрел, баргузор шуд.

Бозии “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан ва “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, бо ҳузури 5000 тамошобин барпо гардид, бо пирӯзии “Истиқлол”бо ҳисоби бузурги 3-0 хотима ёфт. Ду голро Хуршед Маҳмудов дар дақиқаҳои 24-ум ва 62-юм ва як голро Ҷаҳонгир Эргашев ба самар расонданд (69). Дарвоқеъ, Хуршед Маҳмудов, ки дар ду бозии имсола дар ҳайати “Истиқлол”се гол задааст, дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқа дар ҷойи аввал мебошад.

Пеш аз бозии “Вахш” – ССКА “Помир” дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа маросими кушоиши мусобиқаи қаҳрамонии XXIII Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд. Нахуст Солия Қосимова, муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, футболбозону мураббиён, доварону мухлисонро бо оғози
мусобиқаи имсола табрик намуд ва ба дастаҳо муваффақият орзу кард. Вай гуфт, “бо фармони президенти Тоҷикистон соли 2014 Соли оммавияти футбол дар кишвар эълон гаштааст. Ин ҳуҷҷат бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини оммавияти варзиш, рушди минбаъдаи футбол ва фароҳам овардани шароити мусоид барои машғулияти аҳолӣ бо бозии футбол қабул шудааст. “

Сипас капитанҳои ҳарду даста – Субҳон Хоҷамов (ССКА “Помир”) ва Хуршед Бекназаров (“Вахш”) парчами миллии Тоҷикистонро барафрохтанд.

Бозӣ бо ҳузури се ҳазор тамошобин шавқовару пуршиддат сурат гирифт. Дар ҳайати ҳарду даста, аслан, футболбозони ҷавон ҳунарнамоӣ карданд. Тақдири бозиро як голи дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 33-юм задаи ҳамлагар Абдухалил Боронов ба фоидаи мизбонон ҳал кард.

Баъди анҷоми бозӣ дар як нишасти матбуотӣ сармураббиёни ҳарду даста андешаҳои худро дар бораи ин бозӣ чунин баён карданд:

Раҳматулло Фузайлов, сармураббии ССКА “Помир”:
- Ман ҳамчун дастпарвари футболи шаҳри Қӯрғонтеппа ҳар гоҳ ки ба ин ҷо меоям, хушҳол мешавам. Дастаи “Вахш” ва мухлисонашро бо оғози чемпионат ва ғалаба табрик мегӯям. Масъалаи дар мусобиқаи имсола ширкат кардани дастаи мо зери суол буд. Хушнудем, ки масъала ба таври мусбат ҳал шуд. Ман ва аъзои даста аз раҳбарияти Вазорати мудофиа сипосгузорем. Дар ҳайати даста бисёр ҷавонон бозӣ мекунанд. Баъди бозии аввали хонагиамон бо “Хайр” баъзе бозигарони мо саргарм шуда, нисбати ҳариф нописандӣ карданд ва ин ба натиҷаи бозӣ таъсир кард, дар нимаи аввал гол хӯрдем.”
Тоҳир Муъминов, сармураббии “Вахш”:
- Дар баҳор, дар оғози мусобиқа, бозӣ кардан душвор аст. Вазъи дастаи мо низ мушкил буд. Хушбахтона,баъзе масъалаҳо ҳалли худро ёфтанд ва мо имкони ширкат дар мусобиқаи имсоларо пайдо кардем. Дар давраи зимистон ва то ин бозӣ ҳайати даста пайваста иваз мешуд. Дар ин бозӣ кори мо омад кард. Ҳарчанд ССКА се вазъи хуби голзанӣ дошт, аз онҳо истифода карда натавонист. Ҳолати майдон хеле ногувор аст ва дар чунин майдон бозӣ кардан мушкил мебошад. Вале умедворем, ки то бозии ояндаамон чамани майдон хубтар мешавад. Ба сармураббии дастаи ССКА, ки дӯст ва ҳамдастаи собиқам дар мунтахаби Тоҷикистон мебошад, барори кор мехоҳам.”

Ду бозии дигари даври дувум бо чунин натиҷаҳо ба охир расиданд:

«ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) - «ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) – 1-0
Гол: Шодибек Гаффоров, 77.

Аз майдон хориҷ шуд: Илҳом Баротов («Парвоз»), 7 – барои дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ, ки боиси сахт лат хӯрдани рақибаш шуд.
Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 110 тамошобин.


«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «ХУҶАНД» (Хуҷанд) – 1-1
Голҳо: Манучеҳр Аҳмадов, 70 – ба дарвозаи худ (1:0). Чарлз Теко, 75 (1:1).

Аз майдон хориҷ шуд: Чарлз Теко («Хуҷанд»), 88 – барои зарба задан ба рӯи рақибаш.
Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург». 1500 тамошобин.

Ёдовар мешавем, дар нахустин бозии даври дувум рӯзи 17-уми апрел дастаи «Хайр»-и Ваҳдат бар тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 3-1 пирӯз шуда буд. Се голи «Хайр»-ро Айдох Наполеон (дар дақиқаи 2-юм), Алишер Ӯлмасов (23), Баҳодур Шарифов (38) ва як голи «Равшан»-ро Хуршед Абдуллоев (84) ба ҳадаф расонданд.

Баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа “Истиқлол” бо 6 имтиёз дар садри ҷадвали бозиҳо қарор дорад. Дастаҳои “Хайр”, ”Хуҷанд” ва “Энергетик” чоримтиёзӣ, “Вахш” 3 имтиёз, ССКА “Помир”, “Регар-ТадАЗ” ва “Далерон-Ӯротеппа” якимтиёзӣ ба даст овардаанд. “Парвоз” ва “Равшан”, ки як бозӣ анҷом додаанд, хол надоранд.
Ҷ Дастаҳо ББМБТИ
1«Истиқлол»22004-06
2«Хайр»21105-34
3«Хуҷанд»21102-14
4«Энергетик»21102-14
5«Вахш»21011-13
6ССКА «Помир»20112-31
7«Регар-ТадАЗ»20111-21
8«Далерон-Ӯротеппа»20111-41
9«Парвоз»10010-10
10«Равшан»10011-30
XS
SM
MD
LG