Ваграм Аванесиён, вазири иқтисоди Арманистон, гуфт, ки кишвараш аҳдномаи пайвастан ба Иттиҳоди Гумрукии ба раҳбарии Русияро моҳи май ва ё июн имзо мекунад. Ӯ рӯзи 18 апрел дар Ереван ба хабарнигорон гуфт, Арманистон рӯзи 29 апрел дар шаҳри Минск барномаи пайвастан ба Иттиҳоди Гумрукиро ба раҳбарони аъзои созмон Русия, Белорус ва Қазоқистон ироа хоҳад кард. Русия саъй дорад, дигар кишварҳои шӯравии собиқро ба Иттиҳоди Гумрукӣ ҷалб кунад ва мегӯяд, ки дар заминаи ин созмон соли 2015 Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, як созмони шабеҳ ба Иттиҳодияи Аврупо таъсис мешавад.