Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барқ пурра дода мешавад, аммо лимит лағв нашудааст


Ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, ки бо афзоиши об дар обанбори Норак ҳамакнун ба ҳамаи аҳолӣ пурра барқ дода мешавад, вале ин ба маънои лағви лимити барқ дар кишвар нест. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи «Барқи тоҷик» рӯзи 15-уми апрел бо тасдиқи ин хабар ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки чанд шабонарӯз аст, ки бинобар афзоиш об дар обанбори Норак, ба сокинони пурра барқ дода мешавад, аммо вай таъкид кард, ки ин ба маънои лағви пурраи барқ нест. Вай афзуд, ки ҳоло ширкати «Барқи тоҷик» дар назар надорад, ки реҷаи интиқоли барқро лағв кунад. Ба гуфтаи ҷаноби Ёдгорӣ, агар ҳаво сард шавад имкон дорад лимити барқ боз ҷори шавад. Вай афзуд, ки сатҳи об обанбори Норак низ дар қиёс ба солҳоли пешин то 40 ва 50 дарсад камтар будааст. Сокинони навоҳии дурдасти кишвар мегӯянд, ки рӯзҳои ахир як дараҷа барқ бештар дода мешавад, аммо маҳдудияти интиқоли барқ дар шабонарӯз пурра лағв нашудааст.
XS
SM
MD
LG