Гузорише аз ин, ки тарафҳо ба натиҷаи чашмгире дар ин нишаст даст ёфта бошанд, мунташир нашудааст. Дар ҳоле, ки намояндагони Амрико ва Британия дар СММ, Русияро ба эҷод ва афзоиши танишҳо муттаҳам кардаанд, Русия низ Ғарбро ба "ҷилавгирӣ аз ҷанг" дар Украина даъват кардааст. Аз замоне, ки танишҳои Украина ва буҳрон дар муносибатҳои Русия ва Ғарб боло гирифт, ин даҳумин бор аст, ки Шӯрои Амният барои баррасии ин масъала ҷаласа ташкил додааст.
Охирин нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар ҳоле баргузор шудааст, ки Маскав ба шиддат ба тасмими Киев барои муқобила бо ҷудоиталабон дар шарқи он кишвар, ки ба ниҳодҳои маъмурӣ ва низомӣ ҳамла кардаанд, тохтааст. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар саҳифаи "Фейсбук"-и худ навиштааст, ки акнун, "вазифаи Ғарб аст, ки пеши ҷанги дохилиро дар Украина бигирад."
Виталий Чуркин, сафири Русия дар СММ низ дар ин нишаст ба ин монанд суханонро такрор карда ва ҷилавгирӣ аз ҷанги дохилиро фурсате барои Ғарб донистааст. Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, Виталий Чуркин пеш аз рафтан ба нишасти Шӯрои Амнияти СММ гуфта буд, дар мавриди таҳдиди Украина барои истифода аз қувва дар баробари ҷудоихоҳони тарафдори Русия, "бисёр нигарон" аст. Оқои Чуркин дар айни ҳол гуфтааст, ки "ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд аз Киев бихоҳад то амалиёти низомӣ"-ро мутаваққиф карда ва ҳама ӯҳдадориҳояшро иҷро кунад.
Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, Саманта Повер, намояндаи Амрико дар СММ низ ба 15 узви Шӯрои Амният гуфтааст, бӯҳрони Украина "ғамангезтарин шакли бесуботӣ аст, ин мавзӯъ комилан сохтаи дасти башар аст. Русия нависанда ва тарроҳи он аст". Хонум Повер аз Русия хостааст шарҳ диҳад, ки чаро 40 ҳазор нерӯи низомии он кишвар дар марз бо Украина ҷобаҷо шудааст. Ӯ дар айни ҳол аз Маскав хостааст тарҳе муносиб барои таваққуфи ҳамлаҳо ба биноҳои давлатӣ дар шарқи Украина биёбад.
Сафири Амрико дар СММ бо ибрози нигаронии шадид аз ончи дар Украина мегузарад, гуфтааст, дар ҳоле, ки зиндагии ғайринизомиёни бегуноҳ дар он кишвар дар хатар ва Украина бо бӯҳрон рӯбарӯ аст, Русия моро бо таблиғоти давлатӣ ва ғайривоқеии худ бамборон кардааст. Сафири Британия дар СММ низ гуфтааст, ки бар асоси тасвирҳои моҳвораӣ, Русия ҳудуди 35 ҳазор то 40 ҳазор нерӯи низомии муҷаҳҳазро дар марзҳои Украина мустақар кардааст.