Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваҷҷӯҳи Русия ба ҳарбиёнаш дар Тоҷикистону Қирғизистон


Мақомоти Русия тасмим гирифтаанд, дар солҳои наздик хизматчиёни ҳарбии худро дар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва ҳамчунин Қрим бо манзили зист таъмин кунанд.

Хабаргузории ИТАР-ТАСС рӯзи 11-уми апрел аз қавли Наталя Мартинова, як масъули бахши таъмини манзили вазорати дифои Русия навиштааст, ки «дар нақшаи дурнамо аз ҷумла, дар пойгоҳи ҳарбии 201-уми дар Душанбе буда сохтани 3 бинои 9 ошиёна ҷой дорад.»

Ба гуфтаи ин масъули вазорати дифои Русия, дар ин биноҳо, ки аз 108 ҳуҷра иборат хоҳад буд, афсарони ин пойгоҳ ва онҳое, ки бо қарордод кор мекунанд, пешбинӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар чанд соли охир барои хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи 201 ҳам дар шаҳри Душанбе ва ҳам дар Қӯрғонтеппа манзили зист сохта шуд. Аз ҷумла моҳи феврали соли ҷорӣ барои ҳарбиёни дар Қӯрғонтеппа будаи ин пойгоҳ 30 хона дода шуд.

Ҳамчунин Наталя Мартинова илова кардааст, ки дар Қирғизистон ҳам бо манзили зист таъмин кардани ҳарбиён тарҳрезӣ шудааст. Ба гуфтаи вай, дар пойгоҳи гарнизони ҳарбӣ ҳавоии «Кант»-и Қирғизистон 130 манзили зист барои хизматчиёни ҳарбӣ сохта хоҳад шуд. Вазорати дифои Русия ҳамчунин мегӯяд, ки омодааст барои таъмини ҳарбиён дар Қрим қарор қабул кунад. Гуфта мешавад, то авали соли 2013 ҳарбиёни эҳтиёҷманди рус ба 8683 нафар расидааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Русия қаблан гуфта буданд, пойгоҳҳои дар Тоҷикистону Қирғизистон будаи ин кишварро бо техникаву лавозимоти навтарини ҳарбӣ таъмин мекунанд. Бино ба гузориши хабаргузории русии РИА-Новости, Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар моҳи августи соли гузашта гуфта буд, ки бино ба ҳисобҳои пешакӣ, Русия то соли 2025 танҳо барои барномаи навсозии таслиҳот ва техникаи низомии артиши Тоҷикистон ҳудудан 150-200 миллион доллар ҷудо хоҳад кард.

Кӯмак ба навсозии таслиҳоти артиши Тоҷикистон аз ҷумла ваъдаҳоест, ки Русия дар ивази то соли 2042 тамдид шудани замони ҳузури пойгоҳи 201-умаш дар қаламрави Тоҷикистон додааст. Қарордоди тамдиди замони ҳузури ин пойгоҳ баъди чанд соли баҳси ду кишвар бар сари шароити ҳузури минбаъдаи низомиёни рус ва ҳатто гӯё талаби то 300 миллион доллар пули иҷора кардани Тоҷикистон дар таърихи 5 октябри соли 2012, дар рӯзи 60-солагии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сӯи ӯву ҳамтои русаш Владимир Путин имзо шуд.

Маскав дар иваз ироаи бархе сабукиҳо барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва ҳам лағви боҷи гумрукӣ аз рӯи содироти маводи сӯхташ ба Тоҷикистонро низ ваъда дода буд. Созишномаи пойгоҳ дар авоили моҳи октябри соли равон, дуруст дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон аз сӯи Душанбе тасвиб шуд ва мавриди иҷро қарор гирифт.

Пойгоҳи 201-ум, ки воҳидҳои низомиаш дар шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб ва Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон мустақар мебошанд, бо наздики 7 000 аскару афсар бузургтарин пойгоҳи низомии нирӯҳои хушкигарди артиши Русия дар хориҷ ба шумор меравад. Пойгоҳи 201-ум дар соли 2004 бар асоси қарордоди Душанбеву Маскав дар заминаи дивизияи 201-уми артиши Русия, маъруф ба “Гатчинская дивизия”, ташкил ёфт. Таърихи таъсиси ин дивизия аз 1 июни соли 1943, ки ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ба нуқтаи авҷаш расида буд, оғоз мегирад. Нирӯҳои пойгоҳи 201 дар Ҷанги бузурги ватанӣ алайҳи Олмони фашистӣ, дар ҷанги солҳои 1979-1989 дар Афғонистон ва ҳам дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон(1992-1997) ширкат кардаанд.
XS
SM
MD
LG