Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандаи ҷоизаи Пулитсер дар Афғонистон кушта шуд


Аня Ниедрингҳаус (аз рост) ва Кэти Ганнон
Аня Ниедрингҳаус (аз рост) ва Кэти Ганнон

Дар як ҳамла ба ду хабарнигори хориҷӣ дар шарқи Афғонистон яке кушта шуд ва дигарӣ захмӣ шуд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, як афсари ҷавони полиси афғон рӯзи ҷумъа, 4 апрел, хабарнигори олмонӣ Аня Ниедрингҳаусро ҳадафи тир қарор дод ва ҳампешаи канадагии ӯ Кэти Ганнонро маҷрӯҳ кард. Ҳамла дар шаҳри Ҳуст, воқеъ дар марз бо Покистон, як рӯз қабл аз раъйдиҳӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон рӯй дод. Ҳарду хонуми хабарнигор барои оҷонсии Associated Press кор мекарданд.

Мубориз Задрон, сухангӯи волии Хуст, мегӯяд, ҳамлагар, ки як афсари полис будааст, дар ҷойи ҳодиса боздошт шуд ва айни ҳол қазия тафтиш мешавад. “Ҳуввияти ӯ маълум шуд номаш Нақибуллоҳ аст ва ӯ дар полиси афғон хизмат мекунад. Мо талош дорем, ки ангезаи эҳтимолии ҳамларо маълум созем, аммо ҳоло ҳама иттилоъро наметавонем нашр кунем. Вақте, ки тафтишот хатм шуд, мо иттилоъи комилро дар ихтиёри расонаҳо мегузорем”, гуфт Мубориз Задрон. Ӯ афзуд, ки ба ҳаёти хабарнигори маҷрӯҳшуда Кэти Ганнон хатаре таҳдид намекунад.

Ба гуфтаи шоҳидон, хонумҳои хабарнигор дар корвоне буданд, ки барои қитъаҳои интихоботии Хуст варақаҳои раъйдиҳӣ мебурд. Корвон аз сӯи низомиён
ва кормандони полиси афғон дифоъ мешуд. Гуфта мешавад, вақте, ки корвон таваққуф кард ва хабарнигорон дохили мошини худ нишаста буданд, ҳамлагар ба онҳо наздик шуда сӯяшон оташ кушод.

Хабарнигори олмонӣ Аня Ниендрингхаус соли 2005 аз миёни 11 аккоси Associated Press ягон суратгаре буд, ки барои инъикоси ҷанг дар Ироқ ба дарёфти ҷоизаи бонуфузи Пулитсер муваффақ шуда буд. Ӯ ҳамон сол дар маросими супурдани ҷоизаи Бунёди байнулмилалии занони шуҷои хабарнигор дар Беверли Хиллз дар бораи кораш дар Ироқ гуфта буд, “ман ҳиссиёте доштам, ки аз ин пеш дар Сараево доштам, яъне ҳоло чӣ воқеъан муҳимтар аст – гирифтани акси одамони ранҷуре, ки маҷбуранд ба минтақаи амн раванд ё расонидани кӯмаки тиббӣ ба онҳо? То имрӯз ман ба ин суол ҷавоби дуруст пайдо накардаам ва аз ин рӯ аккос боқӣ мондам".

Кэти Ганнон, ки дар ин ҳамла ҷароҳат бардоштааст, тайи сӣ соли ахир авзоъ дар Афғонистону Покистонро инъикос мекунад.

Кэтлин Кэрол, дабири масъули Associated Press, дар Ню-Йорк гуфт, ки мо аз ҳамла хабар дорем ва аз ин талафот хуниҷигарем.

Ин нахустин ҳодисаи ҳамла ба хабарнигорон дар Афғонистон дар ҳафтаи ахири омодагиҳо ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ нест. Рӯзи 20 март дар ҳамла ба як меҳмонсарои Кобул корманди хабаргузории фаронсавии Сардор Аҳмад ҳамроҳ бо хонум ва ду фарзандаш кушта шуд. Аз ин пеш рӯзи 11 март хабарнигори шведӣ Нилс Ҳорнер дар Кобул ҳадафи тир қарор гирифт. Дар як ҳодисаи дигар аз дасти мусаллаҳони Толибон як хабарнигори шинохтаи афғон ва ҳашт нафари дигар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG