Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабаргузории "Форс": "Марзбонони эронӣ раҳо шуданд"


Хабаргузории "Форс" рӯзи ҷумъаи 4-уми апрел ба нақл аз "як манбаи огоҳи амниятӣ" гузориш дод, ки марзбонони озодшудшудаи эронӣ ба мақомоти он кишвар супурда шуданд.

Хабаргузории "Форс" дар гузориши ихтисосии худ мегӯяд, ки марзбонони эронӣ чанд соат пеш ба мақомҳои эронӣ ҳозир дар Покистон супурда шуданд. Дар ин гузориш ба шумораи ин марзбонон ишора нашудааст. Сомонаи форсии шабакаи телевизионии "Ал-Арабия" чанд соат қабл ба нақл аз Абдурауф Регӣ, сухангӯи гурӯҳи "Ҷайш-ул-адл" аз озодии марзбонони эронӣ, ки дар ихтиёри ин гурӯҳ буданд, хабар дод, аммо раиси вилояти Сиистон ва Балуҷистон ва мақомҳои огоҳ дар вазорати умури дохилии Эрон ба хабаргузориҳои "Форс" ва ИСНА гуфта буданд, ки "ҳанӯз наметавонанд" ин хабарро таъйид кунанд.

Ал-Арабия ҷузъиёти бештаре ба нақл аз оқои Регӣ ё гурӯҳи "Ҷайш-ул-адл" мунташир накардааст, аммо саҳифае бо номи "Шабакаи адл" дар Фейсбук, ки худро вобаста ба "Ҷайш-ул-адл" медонад, бо интишори як иттилоия, ин хабарро тайъид кардааст. Дар ин саҳифа, иттилоияе дар бомдоди рӯзи ҷумъа мунташир шуд, ки тибқи он, бар пояи музокирот миёни масъулони ин гурӯҳ ва "ҳайати фиристодашудаи уламои аҳли суннат", тасмим гирифта шуд, ки марзбонон озод шаванд.

Ин иттилоия афзудааст, ки "уламои аҳли суннат, ки дорои маконати бузург дар ҷомеаи аҳли суннати Эрон ҳастанд, аз ибтидои моҷарои асорати низомиёни режим миёнҷигарӣ карда ва талош карданд, ин моҷаро ба хайр ва хубӣ ҳал гардад, ки ниҳоятан Шӯрои марказӣ ва раҳбарии созмони "Ҷайш-ул-адл" раъй ба озодии низомиён дода ва онҳоро ба ин ҳайат таслим намуд. "Ҷайш-ул-адл" тасмими озодии марзбонони эрониро "нишон додани ҳусни ният ва инсондӯстӣ"-и худ унвон кардааст, "то низоми ҳоким ҳам дар озодии зиндониёни аҳли суннат гом бардорад."

Ин гурӯҳ дар айни ҳол таҳдид кардааст, ки "дар ғайри ин сурат бар мушкилот ва масоили минтақа афзуда хоҳад шуд ва ин гаравгонгирӣ охирин иқдом дар навъаш нахоҳад буд. На дар суханони сухангӯи Ҷайш-ул-адл ва на дар иттилоияи ин гурӯҳ, ба шумораи гаравгонҳое, ки ин гурӯҳ мегӯяд озод кардааст, ишора нашудааст. Дар рӯзҳои ахир ахборе дар бораи табодули 34 зиндонии гурӯҳи Ҷайш-ул-адл бо чаҳор марзбонӣ эронӣ мунташир шуда буд, ки ин хабар ҳам аз сӯи сухангӯи вазорати умури дохилии Эрон ва ҳам раиси вилояти Сиистон ва Балуҷистон радд шуда буд.

Дар авоили моҳи феврали соли ҷорӣ гурӯҳи "Ҷайш-ул-адл" панҷ марзбони эрониро ба гарав бурд ва чанд рӯз қабл эълон кард, ки яке аз онҳоро куштааст. Ин ҳодиса танишҳоро миёни Теҳрон ва Исломобод бештар кард ва Эрон таҳдид кард, ки барои мубориза бо шӯришиёни мухолифи давлат ба қаламрави Покистон сарбоз мефиристад. Эрон мегӯяд, раҳбар ва аъзои ин гурӯҳ дар Покистон ва шояд ҳам дар бахшҳое аз Афғонистон паноҳ бурдаанд. Вилояти Сиистон ва Балуҷистони Эрон бо нооромтари минтақаҳои Афғонистон ва Покистон ҳамсарҳад аст.

Ба дунболи ин ҳодиса, вазорати умури хориҷии Эрон сарпарасти сафорати Покистон дар Теҳронро эҳзор кард ва аз тариқи вай аз Исломобод хост бар зидди гурӯҳи "Ҷайш-ул-адл" иқдоми ҷиддӣ ва амалӣ кунад. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, рӯзи панҷшанбе, 27 март, аз нахуствазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф хост, ки барои раҳоии чаҳор марзбони эронии аз сӯи гурӯҳи “Ҷайш-ул-адл” рабудашуда аз “гомҳои ҷиддӣ” кор бигирад.

Гурӯҳи "Ҷайш-ул-адл" гурӯҳи суннимазҳабест, ки моҳи ноябр масъулияти қатли як додраси баландпояи эрониро ба дӯш гирифта буд. Ин гурӯҳ ҳамчунон дар моҳи октябри соли гузашта 14 марзбони эрониро дар як камин ба қатл расонида буд.
XS
SM
MD
LG