Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуйшенбиев: Посгоҳҳои марзӣ боз шудаанд


Райимбердӣ Дуйшенбиев-раиси Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки посгоҳҳои марзии миёни Қирғизистону Тоҷикистон баъд аз танаффуси семоҳа рӯзи душанбе боз шудаанд.

Ба гуфтаи вай, ин посгоҳҳо баъд аз дархости расмии ҷониби Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кардаанд. Ба гуфтаи Дуйшенбиев, ҳоло ду посгоҳ комилан фаъолияти худро аз сар гирифтаанд, яке посгоҳи Бордобо ва дигарӣ посгоҳи Қарамиқ. Ин ду посгоҳ ҳам одамон ва ҳам воситаҳои нақлиётро барои рафту омад иҷоза медиҳанд.

Посгоҳҳои Қулунду ва Қайрағоч танҳо рафту омада одмонро иҷоза медиҳад. Вале тавассути посгоҳи Қизилбел танҳо шаҳрвандони кишварҳои севвум метавонанд бигазаранд.

Ин посгоҳҳо баъд аз тирандозии 11 январи марзбонон дар марзи миёни ду кишвар дар ноҳияи Исфара баста шуда буданд.
XS
SM
MD
LG