Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама нутқи муҳиме эрод мекунад


Қарор аст, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар мулоқот бо раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Брюссел ба мухолифати ду тараф ба ҳамроҳ кардани Қрим ба ҳайъати Русия таъкид кунад. Барак Обама дар ин мулоқот доир ба ҳамкориҳои Амрикову Аврупо нутқи муҳиме эрод мекунад ва бо Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО мулоқот анҷом медиҳад. Барак Обама, рӯзи сешанбе гуфт, рафтори Русия дар Қрим “на аломати тавоноӣ, балки заъфи Русия аст” ва афзуд, Амрикову муттаҳидонаш аз азмашон барои эъмоли таҳримоти изофӣ алайҳи Русия барнамегарданд. Раиси ҷумҳури Амрико дар ин бора баъд аз як нишасти байналмилалӣ дар бораи амнияти ҳастаӣ дар шаҳри Гаага сухан гуфт. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки Амрико аз басиҷ шудани нерӯҳои Русия дар марзҳояш бо Украина нигарон аст, вале афзуд, ки Русия ҳақ дорад, нерӯҳояшро дар дохили қаламраваш ҷо ба ҷо кунад.
XS
SM
MD
LG