Ҳафтаи гузашта мулоқоти Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техники Тоҷикистон ва Афғонистон дар шаҳри Душанбе доир шуд. Дар гуфтугӯе бо Ҷоруллоҳ Мансурӣ, узви ҳайати ҳукумати Афғонистон ва муовини аввали вазири транспорт ва ҳавонавардии мулкии он кишвар, ибтидо аз ӯ пурсидем, ки музокироти ҳайатҳо чӣ дастовардҳо дошт?
Ҷоруллоҳ Мансурӣ: Мо мӯътақид бар ин ҳастем, ки то замину замон ҳаст, Тоҷикистону Афғонистон бо ҳамсоя ҳастанд. Ҳамсояи хуб беҳтар аст аз ҳамсояе, ки равобит бад бошад. Биноан, сиёсати ҳукумати Афғонистон ҳамеша, ва таъкиди раиси ҷумҳури Афғонистон ба ин буда, ки бо ҳамсояҳо дар ҳусни ҳамҷаворӣ ба сар бибарем, ва ба хусус бо Тоҷикистон. Ва мо ҳам медонем, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамеша таъкидашон бар ҳусни ҳамҷаворӣ аст, ва ба хусус бо Афғонистон. Бо дарназардошти ҳамин мавзӯъ, як комиссюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, транзитӣ, тиҷоратӣ, транспорӣ фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ миёни Афғонистон ва Тоҷикистон ба миён омада, ки дар раъси ин комиссиюн вазири молияи Афғонистон ва вазири нақлиёти Тоҷикистон қарор доранд. То ҳол ин комиссиюн панҷ протокол бо ҳам имзо карданд. Протоколи чаҳорумин имзо шуда ва ин бор дар таърихи 12-уми март мо ба Тоҷикистон омадем ва ду рӯз ҷаласа доштем ва дар тайи ҷаласот, дар тамоми бахшҳо табодули афкор сурат гирифт. Дар тамоми бахшҳо ҷонибайн бо ҳам гуфтугӯ карданд ва дар натиҷа панҷумин протоколи ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, транспорӣ, илмиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид. Албатта иҷро ва татбиқи ин протокол тавассути ҳар ду кишвар, ба манофеи миллии ҷонибҳост ва имкон медиҳад, ки ҳар ду кишвар яксон ба тарафи рушди иқтисодӣ бираванд.
Радиои Озодӣ: Дар бахши нақлиёт ва ҳамлу нақл дақиқан чӣ тавофуқҳо сурат гирифт?
Ҷоруллоҳ Мансурӣ: Албатта, дар бахши нақлиёт ва транспорт ҳама мушкилот ва масоиле, ки вуҷуд дошт, рӯи он баҳс шуд ва ҳар ду кишвар мутааҳҳид шуданд, ки мушкилотро аз сари нақлу ҳамл бардоранд. Мавқеияти ҷуғрофиёии Афғонистон ба мисли «қалби Осиё» аст ва ҳамчунон Тоҷикистон. Бинобар ҳамин, кишварҳо ҳамеша бояд, ки роҳҳои бадил (алтернативӣ) дошта бошанд. Агар худое нахоста як роҳи транспортӣ ва транзитӣ бар асоси кадом мушкилоте банд мешавад, роҳи дувум ва ё шоҳраги дувум вуҷуд дошта бошад, ки дар он шоҳраг, хун дар ҷараён бошад. Барои Тоҷикистон масири Афғонистон роҳи ҳаётӣ аст. Тоҷикистон аз тариқи Афғонистон метавонад ба Туркманистон, Эрон ва Покистон васл шавад ва колову моли худро аз тариқи Афғонистон содир ва ворид намояд. Дар ин ҷаласот ду кишвар ба ин тавофуқ расиданд, ки на танҳо мушкилотро аз роҳи якдигар рафъ мекунанд, балки ҳам дар воридот ва ҳам дар содирот осониҳоеро ҳам эҷод мекунанд. Ва ҳамчунон рӯи хати оҳан сӯҳбатҳо сурат гирифт, ки бояд раванди татбиқи бунёди роҳи оҳани миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон, ки раисони ҳар се кишвар ба он имзо гузоштанд, суръат пайдо бикунад ва роҳҳое, ки наздик аст ва аз нигоҳи иқтисодӣ иқтисодитар аст, ва ин ду кишварро ба ҳам наздик мекунад, ин роҳҳо мавриди мутолиаи ҳар ду ва ё ҳар се кишвар қарор бигирад.
Радиои Озодӣ: Дар мавриди роҳи оҳан гуфтед, ки кишварҳо мувофиқат карданд, вале масир дақиқ муайян нашудааст. Тоҷикистон як масирро дуруст медонад ва то ҷое медонем, Афғонистон мехоҳад ин масир бештар вориди хоки Афғонистон шаваду баъд вориди хоки Тоҷикистон. Баҳси сари ҳамин масир ба куҷо расидааст?
Ҷоруллоҳ Мансурӣ: Албатта ду масир аст. Як масир аз роҳи Бандари Шерхон дар Панҷи Поён ва Қумсангиру Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон аст. Он тараф аз Бандари Шерхон, аз Қундуз ва аз бандари Оқина ба Туркманистон мебошад. Ва масири дувум, масири бандари Калдор аст, ки аз Мазори Шариф вориди Тоҷикистон мешавад ва шакке нест, ки Бандари Калдор аз тарафи ҷониби тоҷикӣ тақозо шуд, ки масири бандари Калдор таҳти мутолиа қарор бигирад. Тоҷикистон ва Афғонистон бо мувофиқати Туркманистон албатта инро таҳти мутолиа қарор медиҳанд. Албатта таҳти мутолиа қарор додани масири Калдор, ки наздиктар аст, нисбат ба масири Бандари Шерхон, ки ба Тоҷикистон ворид мешавад, ҷониби Афғонистон гуфтанд, ки мо бо мувофиқаи ҷониби Туркманистон инро таҳти мутолиа қарор медиҳем. Дар ин ҳарфе вуҷуд надошт. Аммо масири аслии таъйиншуда, масири Бандари Шерхон аст, ки ин на танҳо манотиқи зиёдеро дар қаламрави Афғонистон таҳти пӯшиш меорад, балки қаламрави зиёдеро ҳам дар қаламрави Тоҷикистон таҳти пӯшиш меорад. Ҳоло бар асоси манофеи ҳар ду кишвар, ҳар ду масир таҳти мутолиа аст ва имкон надорад, ки ба тавофуқ нарасанд. Билохира хатти оҳан ё аз масири Бандари Шерхон ва ё аз Калдор бояд бигзарад. Вале ончи ҳақиқат ва воқеият аст, ин аст, ки мавҷудияти роҳи оҳан ба манофеи ҳар ду кишвар аст, чӣ аз масири Бандари Шерхон бошад ва ё чи аз масири бандари Калдор.
Радиои Озодӣ: Тавре шумо огоҳед, дар ин масъала Тоҷикистон бо Узбакистон мухолифатҳое дорад. Узбакистон масири ҷанубии роҳи оҳани моро банд кард. Фикр намекунед, ки ин тарҳ як навъ "рашк"-и Узбакистонро бедор кунад. Хабарҳое ҳам буд, ки ҷониби Узбакистон ба Афғонистон пешниҳод кардааст, ки масири роҳи нав аз он кишвар гузарад.
Ҷоруллоҳ Мансурӣ: Тоҷикистон ва Афғонистон ду кишвари мустақил ҳастанд ва кишварҳои мустақил метавонад бо тавофуқи дуҷониба бо ҳам равобити хуб дошта бошанд. Масъалаи Узбакистон, ки як кишвари севумӣ ҳаст, мо бар асоси полисӣ, сиёсати ҳусни ҳамҷаворӣ бо кишвари Узбакистон дорем, аммо аз тирагии равобити Тоҷикистон ва Узбакистон хуш нестем. Ҳукумати Афғонистон саъй ва талошаш бар ин хоҳад буд, ки ин тирагиҳои равобит беҳтар шавад, зеро дигар замони он нест, ки кишварҳои ҳамсоя дар равобити нохушоянд ба сар бибаранд. Тирагии равобит на ба нафъи Тоҷикистон аст ва на ба нафъи Узбакистон. Ақлонияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҷаҳонишавӣ инро тақозо мекунад, ки ин равобит бояд ҳарчи зудтар хуб шавад. Аммо шумо агар таваҷҷӯҳ карда бошед, ҳамеша план ва барномаҳои бадил (алтернативӣ) дар масоили иқтисодӣ бояд вуҷуд дошта бошад. Иқтисоддони хуб ҳамон аст, ки бояд се план дошта бошад. Агар плани А ноком шуд, плани Б бояд бошад ва агар плани Б ба нокомӣ рӯбарӯ мешавад, плани С бошад. Ба ҳамин хотир кишварҳо ҳамеша бар як роҳи транзитӣ такя намекунанд ва чандин роҳҳои тиҷоратӣ доранд. Ман умедворам, ки ин мушкилот ҳал шавад. Вале агар ҳал ҳам шавад, боз ҳам ниёз аст, ки Тоҷикистону Афғонистон бо ҳам равобити хуб дошт бошанд ва дар рушди иқтисоди якдигар нақш дошта бошанд.
Радиои Озодӣ: Шумо як ишораҳое доштед, ки дар гуфтугӯ бо ҷониби Тоҷикистон дар рафъи мушкилот баъзе монеаҳо вуҷуд доранд. Оё чунин аст?
Ҷоруллоҳ Мансурӣ: Монеаҳои умда вуҷуд надошт. Агар монеаҳое, ки вуҷуд дошт, монеаҳои техникӣ буд ва ин гуна монеаҳо ҳамеша бо гуфтугӯ ҳал мешавад. Аммо монеаҳои сиёсӣ ҳамеша монеаҳои бузург ҳастанд, ки алҳамдуллилоҳ дар равобити Тоҷикистон ва Афғонистон монеаҳои сиёсӣ вуҷуд надорад. Агар монеаҳое ҳам вуҷуд дорад, монеаҳои кӯчак ва техникӣ ҳастанд, ки мутахассисин ва коршиносони ҳар ду кишвар метавонанд ба зудӣ онро ҳал бикунанд. Мисли молиёту ситонданҳои гумрукӣ ҳаст, ки бар асоси қавонини байналмилалӣ бояд бар амали мисл устувор бошад, ё миёни бархе кишварҳо аслан ин бардошта шудаааст ва аслан вуҷуд надорад. Мо ба ин натиҷа расидем, ки Тоҷикистон ва Афғонистон барои ояндаи дур дар ин масоил ба тафоҳум бирасанд ва рӯзе фаро бирасад, ки шаҳрвандони ҳар ду кишвар ба виза зарурат надошта бошанд.
Радиои Озодӣ: Комюнҳои ҳомили бори тоҷирони тоҷик, ки аз Покистон тариқи Афғонистон ба Тоҷикистон меоянд, бояд чи қадар молиёт пардохт кунанд?
Ҷоруллоҳ Мансурӣ: Бар пояи таҷоруби пазируфташуда, як масъаларо бо номи «revolving guaranty» мегӯянд, ки як чизе мисли бима аст. Ҳама кишварҳо ҳини транзит онро мегиранд. Онро ба хотири он мегиранд, ки масалан, моле ки аз Покистон ба номи Тоҷикистон меояд, дар қаламрави Афғонистон ба фурӯш нарасад ва мустақим ба Тоҷикистон биояд. Аммо дар ояндаҳо ҳамин «revolving guaranty» ҳам бояд гирифта нашавад. Албатта, барои ин бояд қавонин ҳар ду кишвар тағйир бихӯрад. Дар масоили маҳсулоти гумрукӣ, молиёт ва дигар пардохтҳои қонунӣ албатта мо бо ҷониби Тоҷикистон ба тавофуқ расидем, ки ҳар ду кишвар бар асоси қавонини худ, ё инро коҳиш бидиҳанд ва ё комилан аз байн баранд ё ин ки ҳамсон бисозанд. Ҳамсонсозии қавоиду муқаррарот боиси ин мешавад, ки дар ҳамлу нақл суръат ба миён биояд ва вақте суръат ба миён омад, дар замони кӯтоҳ борҳо аз як кишвар ба кишвари дигар мерасанд. Ин ҳам ба нархи бозор таъсири манфӣ мерасонад ва ҳам боиси он мешавад, ки бору коло дар зудтарин фурсат ба дасти мардум бирасад, ки ин нақши хеле муҳим дар равнақи бозор дорад. То ба ҳол барои колое, ки аз Покистон ба Тоҷикистон ворид мешавад, аз сӯи Афғонистон ҳеҷ мушкил вуҷуд надорад.
Радиои Озодӣ: Таври маълум, дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон чанд гузаргоҳ ва бозорҳои наздисарҳадӣ вуҷуд доранд. Оё дар ин нишасти ҳайатҳо дар мавриди ифтитоҳи гузаргоҳҳои нав баҳсҳо сурат гирифт?
Ҷоруллоҳ Мансурӣ: Албатта дар робита бо бозорчаҳои марзӣ масоиле матраҳ шуд. Мо чанд то бозорчаҳо дар Бадахшон бо Тоҷикистон дорем. Аммо дар ин гуфтушунидҳо ба баррасӣ ва ё кушодани бозорчаҳои марзӣ дар байни Тахори Афғонистон ва Тоҷикистон ва ҳамчунон Қундуз ва Тоҷикистон, гуфта шуд, ки ин масъала ба баррасӣ гирифта шавад. Ва дар гузаргоҳҳои обӣ тавофуқ ба миён омад, ки тарафайн метавонанд, ки аз васоити транспортии обӣ барои рафтуомад истифода кунанд. Ин мавзуъ дар протоколи панҷум ҷой дода шудааст.
Радиои Озодӣ: Дар Афғонистон ҳамакнун тарҳҳои зиёде рӯи даст аст. Оё вақте тендер эълон мешавад, ширкатҳои Тоҷикистон ҳам метавонанд дар он иштирок кунанд ва баранда шаванд?
Ҷоруллоҳи Мансурӣ: Амалан ширкатҳои тоҷикистонӣ дар Афғонистон кор мекунанд, аз ҷумла дар Бадахшон. Дар ҳама тендерҳое, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳаст, ширкатҳои тоҷикӣ, чинӣ, туркӣ, ҳамаи ширкатҳо ҳаққи иштирок доранд ва вақте баранда мешаванд, татбиқ мекунанд ва дар ин мушкиле вуҷуд надорад.
Радиои Озодӣ: Яъне, ширкатҳои роҳсозии Тоҷикистон дар Афғонистон фаъолият мекунанд?
Ҷоруллоҳи Мансурӣ: Бале, ҳоло роҳҳои Дарвозҳои Бадахшон, ки аз тарафи ҳукумати Афғонистон сохта мешавад, як бахши муҳими онро ширкатҳои тоҷикистонӣ месозанд. На танҳо дар масоили роҳсозӣ, балки дар масоили тиббӣ ва сиҳҳӣ ҳам кор мекунанд. Ҳоло мо дар Кобул ва вилоятҳои Афғонистон дандонпизишкони тоҷикистониро дорем. Бахши дандонпизишки дар Тоҷикистон бисёр пешрафта аст ва мардум Афғонистон аз табибони тоҷик бо оғуши гарм истиқбол мекунанд.