Гумруки Тоҷикистон ба матбуот хабар додааст, ки ин кишвар дар соли 2013 барои харидории техникаи нави низомӣ 16,2 миллион доллар сарф кардааст, ки нисбат ба як соли пеш 42,1 дарсад бештар будааст. Бахши аслии ин техникаи низомиро Тоҷикистон аз Булғористон харидорӣ кардааст. Дар ин бора “Интерфакс”-и Русия хабар додааст.
Тоҷикистон аз Булғористон ба маблағи 6,2 миллион, аз Русия ба маблағи 4,8 миллион, аз Украина ба маблағи 2,7 миллион ва аз Ҳиндустон ба маблағи 2,1 миллион доллар техникаи низомӣ гирифтааст.
Ба маблағи 400 ҳазор доллари дигар аз Амрикову Исроил, Туркияву Чин ва Руминия аслиҳа харидорӣ кардааст. Гумруки Тоҷикистон бори аввал маълумот дар бораи хариди иаслиҳаро чоп намудааст.