Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЮНИСЕФ аз ВКД хост, ному насаб ва акси ноболиғонро фош насозад


Бунёди кӯдакони СММ ё ЮНИСЕФ аз вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хост, ки ҳангоми боздошт ва тафтиши аъмоли наврасони ҷингояткор ба хотири ҳифзи ояндаи онҳо ному насаб ва аксҳои онҳоро ба расонаҳои хабарӣ фош насозанд.
Маҳбуба Гулова, масъули сомонаи вазорати корҳоии дохилии Тоҷикистон рӯзи 19-уми март бо тасдиқи ин хабар ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки рӯзи гузашта Рамазон Раҳимзода бо раиси Намояндагии Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Лайлӣ Моширӣ мулоқот анҷом дод, ки дар он масоили ҳифзи ҳуқуқи кӯдакону ноболиғон баррасӣ шуд.

Хонум Гулова афзуд, Лайло Моширӣ зимни ин мулоқот пешниҳод кард, ки минбаъд ба хотири ҳифзи ояндаи ва обрӯи кӯдак, вақте даст ба ҷиноят мезананд, аз фош кардани ному насаб ва аксу навори ӯ ҳангоми пахши хабар, худорӣ карда шавад. Ба гуфтаи манбаъ, вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода ин пешниҳодро хуб қабул кард, ки дигар набояд вақти омода кардани гузоришу хабар, ному насаби наврас ошкор карда шавад. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳангоми пахши навори видеоӣ аз амалҳои ҷиноятии наврасон, чашми онҳо бо лентаи сиёҳ пӯшонида мешавад, вале акнун ному насаб ва акси онҳо низ ошкор карда нахоҳад шуд.

Лайлӣ Моширӣ, раиси Намояндагии Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) таъкид кардаст, ки нақши расонаҳо ва пахши гузориш дар хусуси кӯдакон бениҳоят муҳим буда, ҳангоми омода кардани хабар, хусусияти равонии кӯдак ба инобат гирифта шавад, то ба ҳаёти минбаъдаи ӯ осебе нарасад. Ахиран вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати ҳамаҷониба таҳти назорат қарор додани фаъолияти ноболиғону ҷавонон Хадамоти ҷилавгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон таъсис дод, ки дар самти мазкур бо ноболиғону ҷавонон фаъолият менамояд.
XS
SM
MD
LG