Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳандозии торнамои президент бо забони арабӣ


Дар сомонаи интернетии раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз рӯзи17-уми март бахши арабӣ ва намунаи мобилии он фаъол гардида ва ҳамакнун ин сомона чорзабона шуд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 17 март зимни пахши ин хабар навишт, ки "бо фаъол гардидани бахши арабӣ сомонаи интернетии президенти Тоҷикистон - president.tj чорзабона шуд. Кунун хабарҳо ва маводи иттилоотию таҳлилӣ доир ба фаъолияти ҳамарӯзаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сомонаи расмӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ пешкаш мегардад. Ҳамчунин ин манбаъ хабар дод, ки "шакли мобилии сомона фаъол гардид, ки барои ворид шудан аз телефонҳои ҳамроҳ ва планшетҳо мувофиқу осон аст. Зимнан, сомонаи president.tj моҳи октябри соли 2005 фаъол гардида дар ин миён борҳо қисман мукаммалу навсозӣ шуда, моҳи августи соли 2012 бо назардошти дастовардҳои навтарини технологияҳои иттилоотӣ мавриди навсозии куллӣ қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG