Варзишгарони Русия ҳамагӣ 80 медал - 30 нишони тилло, 28 нуқра ва 22 биринҷӣ - ба даст оварданд. Дастаи Олмон, ки 9 медали тилло, 5 нуқра ва як нишони нуқра гирифт, дувум шуд. Мунтахаби Канада бо касби 16 медал - 7тилло, 2 нуқра ва 7 биринҷӣ - дар мақоми севум қарор гирифт.
Аз рӯи шумораи умумии медалҳо Русия бо 80 нишон ҷойи аввал, Украина бо 25 нишон ҷойи дувум ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 18 нишон ҷойи севумро касб намуданд.
Умуман, варзишгарони 19 кишвар медалҳои Паралимпиадаи Сочиро ба даст оварданд ва намояндагони 15 кишвар ба унвони қаҳрамони Бозиҳои XI зимистонаи паралимпӣ мушарраф шуданд.
Ҷой Кишварҳо Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
Ба барномаи Бозиҳои XI зимистонаи паралимпӣ 5 намуд – биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг бо аробача, пойгаи лижатозӣ ва слеҷ-хоккейи рӯи ях дохил буданд. Дар ин бозиҳо варзишгарони 45 кишвари ҷаҳон барои 72 маҷмӯи медалҳо мубориза бурднд. Аз ҳама бештар аз қораи Аврупо – 30 кишвар - ширкат варзид. Аз қитъаи Амрико 6 кишвар – Аргентина, Бразилия, ИМА, Канада, Мексика ва Чили, аз қораи Осиё 7 кишвар – Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Муғулистон, Узбакистон, Чин, Ҷопон ва Эрон, аз Уқёнус 2 кишвар – Австралия ва Зеландияи Нав иштирок карданд.
Дар Паралимпиадаи Сочи аз собиқ кишварҳои шӯравӣ варзишгарони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Русия, Узбакистон ва Украина ширкат доштанд. Вале варзишгарони Арманистон, Қазоқистон ва Узбакистон медалҳои бозиҳоро ба даст наоварданд.
Сафар Боев, раиси Кумитаи паралимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, “намояндагони кишвари мо дар Бозиҳои XI зимистонаи паралимпӣ дар Сочи ширкат надоштанд. Ҳарчанд мо ба Паралимпиадаи Сочи даъватнома гирифтем, вале аз сабаби он ки дар намудҳои зимистона варзишгар надорем, дар ин бозиҳо иштирок накардем.”

1 | Русия | 30 | 28 | 22 | 80 | ||
2 | Олмон | 9 | 5 | 1 | 15 | ||
3 | Канада | 7 | 2 | 7 | 16 | ||
4 | Украина | 5 | 9 | 11 | 25 | ||
5 | Фаронса | 5 | 3 | 4 | 12 | ||
6 | Словакия | 3 | 2 | 2 | 7 | ||
7 | Ҷопон | 3 | 1 | 2 | 6 | ||
8 | ИМА | 2 | 7 | 9 | 18 | ||
9 | Австрия | 2 | 5 | 4 | 11 | ||
10 | Британия | 1 | 3 | 2 | 6 | ||
11 | Норвегия | 1 | 2 | 1 | 4 | ||
11 | Шветсия | 1 | 2 | 1 | 4 | ||
13 | Испания | 1 | 1 | 1 | 3 | ||
14 | Ҳолланд | 1 | 0 | 0 | 1 | ||
14 16 16 18 19 |
Швейтсария Зеландияи Нав Финляндия Беларус Австралия |
1 0 0 0 0 |
0 1 1 0 0 |
0 0 0 3 2 |
1 1 1 3 2 | ||