Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз музокирот роҳи Исфара-Ворух боз шуд


Хабарнигори бахши қирғизии радиои Озодӣ аз Бодканд иттилоъ дод, ки роҳи мошинрави миёни Исфара-Ворух, ки дар нимаи дуввуми рӯзи шанбе баста шуда буд, боз шудааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, сабаби дубора бастани роҳ ин будааст, ки сокинони ҷониби Тоҷикистон як қирғизтаборро лату кӯб кардаанд. Мақомоти деҳоти марзии ду ҷониб ва раҳбарони ноҳияҳои марзӣ барои ҳали ин мушкил бо ҳам музокира анҷом доданд ва ин музокирот натиҷаи дилхоҳ дод.

Ду рӯз пеш низ ин роҳ баста шуда буд ва Арстан Усанов-раиси пулиси ноҳияи Бодканди Қирғизистон ба матбуот гуфта буд, ки роҳи автомобилрави миёни Ворух-Исфара барои рафту омади нақлиёт 14 март боз шудааст.

Ҳамон вақт низ шабона баъд аз музокироти тулонӣ дар Оқсой роҳро боз карданд ва кормандони пулиси Қирғизистон назоратро дар ин деҳаи марзӣ идома медоданд, то миёни аҳолии марзии Тоҷикистону Қирғизистон ихтилоф рух надиҳад.

14 март 40 нафар сокинони деҳаи Оқсой роҳи байни Ворух-Исфараро баста буданд. Ҷониби Тоҷикистон трактори роҳсозро иҷозаи гузаштан надода буд ва сокинони ҷониби Қирғизистон роҳро бастанд. Баъд аз гузаштани трактор роҳро боз карда буданд.

Дар давоми се рӯз ин роҳ ду бор баста ва боз шуд. Вале посгоҳҳои марзиву гумрукии миёни ду кишвар дар марз ҳамчунон баста аст.
XS
SM
MD
LG