Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ангезаҳои қатли Умеда маълум шудааст


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Умеда Раҳимовf, духтари 19-сола, ки қатли ӯ сару садои зиёдеро дар матбуот барангехт, бо ҳадафи ғорат ва барои зару зевар куштаанд. Як манбаъ дар вазорат рӯзи 14 март ба Радиои Озодӣ гуфт, Самандар Амиршоеви 35-сола ва Саъдӣ Абдуғаффорови 34-сола, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар ҷараёни амалиёти ҷӯстҷӯӣ боздошт шуданд, зимни бозпурсӣ эътироф карданд, ки Умедаро дар хонаашон дар ноҳияи Сино «барои ашёи гаронбаҳояшон» куштаанд. Ин манбаъ нагуфт, ки чи чизеро аз Умеда рабудаанд, вале афзуд, ки ин ашёро ба ҳайси далел барои тафтишот мусодира кардаанд. Умеда Раҳимоваи 19-соларо дар рӯзи занон 8 март бо зарби 17 корд ва бераҳмона ба қатл расониданд. Азбаски қатли духтари ноком, рӯзи 8 март сурат ва дар рӯзи модарон сурат гирифт, фарзияҳои мухталифе дар бораи қатли ӯ паҳн шуд. Аз ҷумла ин ки Умеда Раҳимова ҳадяи ҷавонеро, ки ӯро дӯст медошт, рад кардааст ва ҷавон аз ин кор ба хашм омада, Умедаро куштааст. Вале ин ҳама фарзия ботил будааст.
XS
SM
MD
LG