Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъол шудани бозори "Саховат" ва норозигии бархе аз тоҷирон


Пас аз ду моҳ, бозори "Саховат"-и шаҳри Кӯлоб, ки як қисмати асосиаш ба коми оташ рафта буд, дубора бунёд гардид.

Масъулони раёсати "Тоҷикматлубот" рӯзи ҷумъаи 14-уми март дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфтанд, ки дар муддати ду моҳ 679 нуқтаи савдо ва 98 мағоза барқарору бунёд гардид, ки дар маҷмуъ маблағи беш аз 3 миллиону 500 хазор сомонӣ ё муодили 700 ҳазор доллари амрикоӣ масраф гардидааст.

Аммо бо он, ки бозор фаъол шудааст, вале мушкилоти соҳибкорон кам нагашта, балки зиёд гардидааст. Зеро як гурӯҳ аз занони соҳибкори бозори "Саховат»-и шаҳри Кӯлоб зимни сӯҳбат бо «Озодӣ» гуфтанд, бо вуҷуди он ки дар пайи дубора барқарор кардани нуқтаҳои савдо ва дӯконҳо масоҳати ҷои тиҷорати онҳо кам шудааст, аммо раҳбарияти бозори "Саховат" мехоҳад, иловатан дигар соҳибкоронро дар ҷои савдои онҳо ҷой диҳад, ки ин амал мояи нигаронист. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи ин занҳо, корҳои сохтмонӣ дар маҳалли савдои онҳо ба таври бояду шояд ба итмом нарасидааст.

Шарифгул Холиқова, як соҳибкори бозори "Саховат" мегӯяд, «барои сохтмони макони савдои мо баҳс зиёд буд, раҳбарияти бозор намехост, ки дубора макони савдои мо барқарор шавад. Дар чунин ҳолат метавонист зиёда аз 80 соҳибкор бе ҷои кор монад, вале ин мушкилоти мо аз тарафи раҳбарияти болоӣ ҳалли худро пайдо кард ва маҳалли савдои моро бозсозӣ карданд. Аммо раҳбарияти бозор мушкилоти дигареро ба сари мо оварданд, ки як гурӯҳи занонро, ки худро соҳибкорони бозор номида мехоҳанд, ҷойҳои савдои моро бигиранд. Мо албатта ба онҳо иҷозат намедиҳем."

Меҳринисо Раҳимова
Меҳринисо Раҳимова
Меҳринисо Раҳимова, раиси ҷамъияти "Матлубот"-и шаҳри Кӯлоб низ ин иддаои гурӯҳи занони соҳибкори "Саховат"-ро тасдиқ мекунад, аммо мегӯяд, "воқеан барои ҷой кардани як қатор соҳибкороне, ки пеш дар назди мағозаҳои дохили бозор ба таври иҷора ба савдо машғул буданд, дигарбора иҷозаи савдо дар назди мағозаҳоро нагирифтаанд, лозим аст, то онҳо низ соҳиби ҷой шаванд".

Зеро ба гуфтаи Меҳринисо Раҳимова, танҳо аз як растаи савдо шумораи савдогароне, ки бе ҷой мондаанд, то 20 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин хонум Раҳимова, гуфт, ки "аз фурсати муносиб истифода карда, соҳибкорони дигар бозорҳо мехоҳанд то дар бозори "Саховат" маконе пайдо кунанд, вале ҷойҳо пурра тақсим шудаанд ва дигар имкони ин соҳибкоронро бо ҷои савдо таъмин карданро надоранд.

Дар ҳамин ҳол раиси ҷамъияти "Тоҷикматлубот -и шаҳри Кӯлоб гуфт, ки бо ҳадафи бо макони савдо таъмин кардани ин гурӯҳ аз соҳибкорон иқдомот ҷараён дорад ва эҳтимол дорад, ки онҳо дар дигар бозорҳои шаҳр ҷо хоҳанд шуд. Бозори "Саховат" дар ҳоле дубора фаъол шуд, ки ҳанӯз ҳам сохтмони бархе аз дӯконҳо ва фурӯшгоҳҳо идома дорад.

Шамсиддин Фалонов, яке савдогарони бозори "Саховат" аст, ки дӯконаш дар атрофи бозор воқеъ буд, мегӯяд, дар пайи сӯхтор комилан ба коми оташ рафт. Вай мегӯяд, дар рӯзҳои аввали пас аз сӯхтор мақомот ваъда доданд, ки
Шамсиддин Фалонов
Шамсиддин Фалонов
дӯконҳои онҳоро низ барқарор мекунанд, аммо ҳамакнун мегӯянд, ки "худатон медонеду дави аспатон". Ин аст, ки ба гуфтаи Шамсиддин, тоза қарз гирифта ва дӯконашро барқарор мекунад, дигарон бошад дар дӯконҳои наву бозсозишуда тиҷорат мекунанд.

Зимнан, шаби 12 ум ба 13 - уми январи соли ҷорӣ дар як қисмати асосии бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб сӯхтор ба амал омад, ки мақомот гуфта буданд, ки "дар пайи ин сӯхтор 96 дӯкон, 382 нуқтаи фурӯш ва дар маҷмӯъ 668 соҳибкор зарар дидаанд. Он замон маблағи тахминии хисороти ворида аз оташсӯзӣ 2, 8 миллион сомонӣ арзёбӣ шуда буд. Расиши ноқили барқ аз сабабҳои сӯхтор дар бозори "Саховат" унвон шуда буд.

Билофосила субҳи рӯзи дигар мақомоти ҷамъияти "Тоҷикматлубот" ва шаҳрдории Кӯлоб бав назди соҳибкорони бозор омаданд ва ваъда кардаанд, ки дӯконҳо ва фурӯшгоҳҳои осебдидаи бозори "Саховат" то ҷашни Наврӯз аз нав бунёд карда мешавад.



XS
SM
MD
LG