Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯзи Маскав рӯзи 22 март дар "Лужники" доир мешавад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Наврӯзи байнулмилалӣ дар шаҳри Маскав рӯзи 22 март дар маҷмааи «Лужники» бо ширкати намояндагони 16 миллату қавми муқими пойтахти Русия ва навоҳии атрофи он баргузор мешавад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ рӯзи панҷшанбе, 13 март, Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия, хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, яке аз бахшҳои зебои Наврӯзи Маскав – гӯшаи Тоҷикистон хоҳад буд. Меҳмонон аз намоишгоҳи санъати тасвирӣ ва санъати гулдӯзӣ, аз ҷумла, сӯзаниҳои манотиқи гуногуни Тоҷикистон, дигар офаридаҳои ҳунармандони мардумӣ дидан мекунанд ва аз шириниҳову таомҳои тоҷикӣ лаззат мебаранд. Барои ширкат дар бахши фарҳангии Наврӯзи Маскав аз шаҳри Душанбе овозхони шинохтаи тоҷик Ҳасани Ҳайдар даъват шудааст.

Муҳаммад Эгамзод афзуд, ки дар шаҳри Маскав маҳфилҳои алоҳидаи наврӯзии тоҷикон ҳам баргузор мешаванд, аз ҷумла, қарор аст созмони ҷамъиятии “Нур” рӯзи 23 март дар минтақаи Измаилово маҳфили хоси наврӯзӣ барпо кунад. Дар ин маҳфил овозхони маъруфи тоҷик Далер Назаров ва гурӯҳи “Шамс” ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Дар чаҳорчӯби маҳфил қувваозмоии гуштингирӣ бо ширкати паҳлавонҳо аз вилояти Маскав ҳам доир мешаванд. Ҳамчунин рӯзи 22 март як маҳфили хоси наврӯзӣ дар клуби маъруфии “Rock House” ороста мешавад, ки ба он ҳунарманди шинохта Баҳром Ғафурӣ ҷавонону донишҷӯёни тоҷикро даъват кардааст.

Ба гуфтаи сухангӯи сафорати Тоҷикистон, ҷашни Наврӯзро тоҷикони тамоми манотиқи Русия таҷлил хоҳанд кард, аз ҷумла, созмонҳои тоҷикони Тотористон ва вилоятҳои ҷанубии Русия, дар бораи бо шукӯҳи зиёд баргузор кардани маҳфили наврӯзӣ хабар додаанд.

Имсол тоҷикони муқими Аврупо ҳам иди бостониро бо баргузории маҳфилҳои зебо таҷлил карданианд. Рустам Солиев, сафири Тоҷикистон дар Брюссел, рӯзи 13 март, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷашни Наврӯзро рӯзи 25 март ҳамроҳ бо чанд сафорати муқими пойтахти Белгия дар яке аз кохҳои бузурги шаҳр – Палас ван Ҳизинген баргузор мекунанд. Соли саввум аст, ки ин ҷашн дар Брюссел бо ибтикори сафорати Тоҷикистон баргузор мешавад. Дипломати воломақом гуфт, ки имсол ба ҷашн тоҷикони муқими дигар шаҳрҳои Белгия ва ҳамчунин Ҳоланду Люксембург даъват мешаванд. Қарор аст, ки дар маҳфили наврӯзӣ сиёсатмадорони Иттиҳодияи Аврупо, дипломатҳо, донишмандон ва аҳли фарҳанги муқими Брюссел ҳузур дошта бошанд. Сафорати Тоҷикистон ба ҷуз муаррифии таомҳои тоҷикӣ ҳамчунин офаридаҳои рассомони тоҷику ҳунармандони мардумӣ ва китобҳо дар бораи Тоҷикистон бо забонҳои англисиву фаронсавиро ба маърази тамошо мегузорад.

Рустам Солиев афзуд, ки як рӯз аз ин пеш маҳфили зебои наврӯзӣ дар бинои Парлумони Аврупо ҳам доир мешавад.

Қаблан хабар дода будем, ки қарор аст маҳфилҳои наврӯзӣ дар Олмон, Фаронса, Ҷумҳурии Чех ва дигар кишварҳои аврупоӣ ҳам баргузор шаванд.
XS
SM
MD
LG