Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Украина чораҳои сарфаи буҷаро таҳия кард


Ҳукумати Украина, ки бо вазъи сангини иқтисодӣ дасту панҷа нарм мекунад, дар мавриди сарфаи маблағҳои давлатӣ тасмим гирифт.

Дар эъломияи ҳукумат, ки рӯзи якшанбе, 9 март, нашр шуд, дар бораи коҳиши хароҷоти мансабдорони ҳукуматӣ хабар дода шудааст. Қарор аст, ки пардохти маблағ барои сӯҳбатҳо аз тариқи телефонҳои мобайл, хариди нақлиёт (ба ҷуз мошинҳои “ёрии таъҷилӣ”, сӯхторнишон ва хадамоти наҷотбахшӣ), хариди телефонҳои дастӣ, компутарҳо ва таъмири биноҳо муваққатан қатъ карда шавад.
Сафарҳои корӣ ба дигар кишварҳо маҳдуд ва пардохти маблағ аз буҷа барои парвозҳои чартерӣ манъ карда хоҳад шуд. Ба Бунёди амволи давлатӣ дастур дода шудааст, ки амволи қароргоҳу бӯстонсаро ва фароғатгоҳҳои давлатиро тафтиш кунад. Дар чаҳорчӯби чораҳои сарфаи маблағҳои давлатӣ ҳамчунин сармоягузории намоишгоҳҳо, ярмаркаҳо, анҷуманҳо, тахсиси маблағ барои таҷлили санаҳои таърихӣ ғайримумкин хоҳад шуд.

Ҳафтаи гузашта мақомоти Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА дар бораи кӯмаки молиявӣ ба Украина изҳори омодагӣ карданд. Брюсел эълом дошт, ки тайи ду соли оянда ба Украина ба маблағи 11 миллиард доллар кӯмак ироа мекунад. Ба гуфтаи раиси Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозу, ин маблағ ба хотири пуштибонӣ аз ҳукумати Украина барои роҳандозии ислоҳот ироа мешавад.
XS
SM
MD
LG